Салом
устоди азиз ва аҳли гурӯҳ.
Пеш аз ҳама миннатдории худро ба устод Рӯзимуродов расонидан мехоҳам.
Ду сол боз ман наворҳои устодро пайгирӣ менамудам ва натиҷаҳои чандин нафарро шунида, дар қалбам завқи илм бедор шуд.
Ё шояд зиндагии сахтам маро ба ҷустуҷӯи роҳ овард.
Рӯзҳои наздик ба қабули устод омадам ва дар дарси индивидуалии Худшиносӣ иштирок намудам.
Вақте устод савол карданд, ки бо кадом мақсад барои дарс гирифтан омадаам, дар аввал чӣ гуфтанамро надонистам. Чунки проблемаҳои ман якто набуданд. Намедонистам аз кадомаш сар кунам.
Гуфтам Устод, ман даруни проблемаҳо сахт печида шудаам.
Вақте устод пурсиданд
Кадом фикр ё кадом мушкилӣ шуморо бештар азоб медиҳад?
Вуҷудам дард кард.
Чунки ягон ҳолати роҳат надоштам.
Нофаҳмӣ бо ҳамсар, савдо набудан дар бизнесам, қарздорӣ, набудани завқ на ба кору на ба зиндагӣ, норасоии пул, асабоният. Бар замми ҳамаи инҳо ба телефон сахт дода шуда будам.
Устод хеле хуб гӯш карданд.
Аввалин вазифа чунин буд
Ҳамсаратонро то охирин суханаш гӯш мекунед. Агар ягон талабе дошта бошаду имконияти иҷро карданашро доред, иҷро кунед ва баъд назди ман биёед.
Ман фикр кардам, ки устод ба ман вазифаи илмӣ медиҳанд, мисли дигарон. Лекин вазифаи ман тамоман дигар буд.
Хулоса, дилу бедил ба хона рафтам. Фикр кардам, ҳамсарам ҳар рӯз худаш гап мезанад, ман танҳо гӯш мекунам, хоҳам ҷавоб медиҳам, нахоҳам ба телефони дастӣ банд мешавам.
Аммо ин дафъа дигар хел шуд.
Ӯ дар хона машғули кори худаш буд. Даъваташ кардам ва савол додам
Аз ман чӣ мехоҳӣ?
Ман имрӯз танҳо барои ту вақт ҷудо кардаам.
Бо нимтабассум гуфтам.
Ҳамсарам хеле ҳайрон шуд. Гуфт Ман барои худам ҳеҷ чиз намехоҳам. Чароғро соз кунед, яхдон вайрон шудааст...
Ва боз чанд кори дигарро қатор кард.
Ман бе ягон асабоният аз пайи иҷрои ҳамаи корҳо шудам.
Тайи ду рӯз хеле ободӣ ба хонаамон омад. Баъзеашро худам соз кардам, баъзеашро усто оварда таъмир кунонидам.
Ҳар боре ки ба ҳамсарам нигоҳ мекардам, ӯ Худоро шукр мекард, чеҳрааш кушоду шукуфон мешуд.Аз хурсанди саволҳои худҷавоб медод. Шаб хоб дидед чи. Ман шуморо нашинохта истодаам.
Назди устод омадам.
Вазифаи дуюм дар бораи бизнес буд.
Фикр кардам, ки ин дафъа илми бизнес медиҳанд. Лекин вазифаи ман тартибкорӣ буд.
Борҳои пештараро, ки чи нархаш рост ояд ё наояд, ба распродажа мондам.
Бори навро бошад, ҳамашро ба ҳисоб дароварда, тартиб додам.
Борҳое, ки муддати дароз дар анбор мемонданд ва бо нархи гарон гирифта будам, фикр мекардам набояд зарар кунам. Лекин вақте тартиб додам, дар як лаҳза тез ва осон ба савдо рафтанд.
Аз ҳисоби борҳои распродажа қарзҳоямро адо мекардам.Барои бизнес асос аз ҳама муҳим ҳисоботи дуруст мошолло. Барои борҳои нав бошад, боз ду коргар гирифтам
яке барои реклама ва дигаре барои даставчик.
Вазифаи сеюм роҳи пасандоз ва бедор кардани қалб аз ғафлат буд.
Ҳамин гуна ман дарс гирифтам. Шукри Худо, зиндагиям обод шуд. Бо ҳамин вазифаҳои оддӣ, ки ҳамаи мо медонем.
Пеш аз омадан ба қабули устод бисёр сари интернет менишастам, маълумоти зиёд меҷустам. Қариб ҳамаи онҳо як маъно доштанд
«Мушкилӣ дар ҳаёти ту нест, мушкилӣ дар худи туст.»
Аз ин маълумотҳо баъзан сарам гаранг мешуд. Намефаҳмидам, ки чӣ гуна мушкилӣ дар ҳаёти ман нест?
Ман барои худ ягон чизи аниқ ва амалиро гирифта наметавонистам.
Доим фикр мекардам, ки шояд зани дигар гирам, зиндагиям хуб шавад, шояд ман ҳам роҳатро ҳис намоям.
Вақте бо устод кор кардем.
Гуфтанд барои зани дигар гирифтан ҳоло саросема нашавед. аввалин тартиботро аз оила сар кардам.
Вақте гӯш медиҳӣ ва масъулияти худро дида тавони, дуруст иҷро кардан мехоҳӣ, Худо худаш роҳ нишон медиҳад ва бо мадади худаш обод мешавӣ.
Чанд вақт пеш аз зиндагии худам роҳи гурез меҷустам. Масъулияти худро дида наметавонистам ва ҳамсар ва дигаронро мисли шамоли ноором мебинам, ки гӯё ба гӯшҳоям ғуввос мезаданд.
Шукри Худо ва ба сабаби устоди азиз имрӯзҳо дар қалбам хотирҷамъӣ, дар зиндагиям оромиш ва дар корҳоям баракат дида истодаам.