Умеди Нав: post #3907 — TG.ME

Ассалому алейкум!

Шаб ба хайр.

Саволи беҳтарин.

Бисёр хуб гуфтед.
Баромадҳо ва наворҳои ман асосан дар бораи бизнес ҳастанд. Чунки аз давраи ҷавонӣ то имрӯз ба бизнес шавқу ҳавас дорам ва дар ин самт фаъолият мекунам.

Таҷрибаҳои хурду калон дар соҳаи бизнес бисёр дорем.

Саволи шуморо таҳлил карда баромадем.

Оила муқаддас аст.
Дар бораи масъалаи талоқ метавонед ба уламои дин( олими дин) муроҷиат кунед.
Дар назди ҳар як бандаи мусалмон, шариат барои оила ва аҳли он эҳтироми бузург дорад.

«Муносибатам бо ҳамсарам хуб нест. Ҷавобашро диҳам, вале аз суханҳои мардум метарсам.»
Баъзан мо, инсонҳо, аз суханҳои мардум метарсем ва ҳамеша фикр мекунем, ки одамон чӣ мегӯянд.
Аммо агар ҳақиқатро ба назар гирем, мардум дар ҳаёти ҳар яки мо нақши муҳим доранд.
Баъзан маҳз аз тарси суханҳои мардум инсон аз бисёр роҳҳои нодуруст худдорӣ мекунад.
На танҳо шумо, балки имрӯзҳо бисёр одамон ҳастанд, ки бо як нофаҳмии хурд ё бо сабаби амалӣ нашудани баъзе талабу хоҳишҳо, зуд аз ҳамсар дилмонда мешаванд.
Яке аз сабабҳои асосии ин ҳолат, нодуруст истифода бурдани баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ва бовар кардан ба зиндагии зоҳиран романтикии дигарон аст.
( яъне бо зебогиҳои берунаи  дар интернет дида, ҳаёти дарунаи худро муқоиса кардан)
Дар илми психология баъзе ҳақиқатҳо ҳастанд, ки шунидани онҳо барои баъзе мо, мардҳо душвор аст.

Агар масъулияти шавҳар нисбат ба ҳамсар кам шавад, меҳру муҳаббат низ хунук мегардад ва нофаҳмиҳо зиёд мешаванд.
Ҳар як одати нодурусти занро бо оромӣ, сабру таҳаммул ва тавони шунидани ҳамсар, ҳамчун дӯсти ҳақиқӣ, ислоҳ кардан мумкин.
Дар бораи савияи пасти зан саргузашти Шоҳзода ва духтари чупонро кор баред.
Беҳтарин зиндагиро сохта метавонед.
Сири асосии дилсардӣ аз ҳамсар, кам шудани ҳисси масъулият аст.
Мо, мардон, баъзан ваъдаеро, ки ҳангоми никоҳ додаем, нодида мегирем.
Яъне баъзан маънои аслии никоҳро сарфаҳм намеравем.
Никоҳро танҳо ҳамчун ҳалол шудани муносибати байни ҳамдигар мефаҳмем.
Дар ҳоле ки маънои никоҳ аз ин бузургтар аст.
Никоҳ, пеш аз ҳама, ваъдаи бузурги мард ва худро бо бовар ба ӯ супоридани зан аст.
Мутаассифона, мо айнан ҳамин ваъдаи бузургро баъзан фаромӯш мекунем.

Ҳар якеи мо мардҳо, модар, хоҳар ва инчунин духтар дорем.
Ҳеҷ як мард намехоҳад чунин наздиконаш ба нимароҳи зиндаги қалбшикаста шавад.

Ҳамсар ҳам барои марди ҳақиқӣ чунин ҳуқуқро дорад!
👍5❤1
July 29, 2026 451 2 1