Воқеан, Лев Николаевич Толстой - бобобузурги ин сиёсатмадори рус мафҳуми патриотизми давлатиро қабул надошт, миёни патриотизми табиии маънавибунёд ва патриотизми давлатӣ фарқ мегузошт.
Дар “Некии муҳаббат” (1908) ном рисолааш ошкоро гуфтааст, ки муҳаббати воқеӣ ба миллат ва сарзамини худ набояд ба арзишҳои одамони дигар, мардумони сарзаминҳои дигар ва дину оинҳои дигар зиён расонад.
Дар аксар романҳояш ин ақидаро дошт, ки низоми давлати русӣ “барои вуруди эҳсоси инсондӯстона” ягон даромадгоҳ надорад, ҳама ҷо маҳкам, ҳама ҷо иҷрои уҳдадориҳои рӯякӣ ҳасту бас...
Ҷанг гувоҳи бехирадист, инкори ҳақиқат ва гуманизм аст, бадии мутлақ аст, ба ҳар баҳонае, ки сар назанад, ҷангҷӯён муқобили ҷараён мераванд, ҷараёне, ки худи табиати одамиро инкор мекунад...
Ин ҳама андешаҳои бузургворонаи Лев Толстой имрӯз ба гӯши касе намерасад, ҳадди ақал ҳамин андешааш, ки дар давлате, ки даъвои тамаддун мекунад, бояд фарҳанги ҳамзистӣ бо ақвому милали дигарро дар ҷомеааш таҳким бахшад, чандфарҳанггаройӣ ё такассургаройии фарҳангиро (мультикультурализм)-ро ҷорӣ кунад, идеологияи гуногунрангии зисти башарро таъмин намояд...
Банда ҳар қадар аз таърих ҷустуҷӯ кардам, ягон империяи абарқудрати пешинаро наёфтам, ки бидуни ҳамин рангорангии фарҳангу тамаддунҳои одамӣ рушд карда бошад: аз Шумери қадим сар карда, то Амрикои кунунӣ...
Кудом давлати абарқудратеро дар ёд доред, ки танҳо аз як қавму як фарҳанг иборат будааст? Нест ва то ҷомеаи башарӣ ҳаст, чунин нахоҳад буд...
Ҳоло дар ҳама ҷо, ки сухан аз куштори бераҳмонаи Қобилҷон, як кӯдаки толибилми тоҷик равад (ки дар мактаби русӣ мехонд, таърихи адабу фарҳанги ин кишварро меомӯхт, ба фазои фарҳанги русӣ “адаптатсия” мешуд, худро як узви ин ҷомеа медонист – хулоса, ба ҳама талаботе, ки ҳукуматдорони рус ҳоло аз миллатҳои дигар сахт мехоҳанд, посухгӯ буд), мегӯянд, ки ин як “ҳодисаи хусусӣ” аст (частный случай)…
Дар маводи пешакии тафтишотӣ ҳам ин ҷиноятро ҳоло “куштор” ва “қасди куштор” муайян кардаанд.
БОВАРАМ НАМЕОЯД...
Ҳеч боварам намеояд, ки ин ҷинояти ниҳоят мудҳиш бар асоси “хусумати миллӣ” ё “бадбинии миллатҳои дигар” арзёбӣ шавад. Агар шавад, давлат маҷбур аст, тасдиқ кунад, ки дар мамлакат бадбинии саросарии ақвоми дигар (ксенофобия) вуҷуд дорад ва ибораи пурсару садои “сулҳу салоҳи байни миллатҳо ва дӯстиву иқоъи мардумони маскуни сарзамини рус” зери суол хоҳад рафт, яъне миф будани ин навъи зиндагиву таҷаммуъи мардум ошкор хоҳад шуд.
Барои зуд фаромӯш шудани қазия, ба гумони ғолиб, ин даррандаи одамкушро ё девона ҳукм мекунанд ва ё ба ихтиёри кудом созмони сарпараст месупоранд... Аммо санадҳоро чӣ гуна рӯпӯш хоҳанд кард?
Бо манифести “Хашми ман”, ки силоҳи идеологии ин наврас буд (ба хотирам номи китоби Ҳитлер “Муборизаи ман” меояд) чӣ мекунанд, ба фаъолияти волидонаш, ки бо созмони миллатгарои “Обшинаи русӣ” алоқа доштанд, чӣ баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд?
Аввал аз миллат пурсидану баъд одам куштанашро чӣ гуна баҳо медиҳанд?
ҲАЛҚАҲОИ САБАБ
Хуб, дер ё зуд, инҳо ҳама маълум мешаванд. Сарҳалқаи сабаби ин куштор нотавонии системаи давлатдорист: система мехоҳад, ки ба кадом воситае набошад, ҳувияти миллати русро ҳамчун миллати давлатшаклдиҳанда баланд бардорад, афзалияти онҳо нисбат ба дигарон маълум бошад, пеш аз ҳама, мушкилоти зисти онҳо ҳал бошад, аммо проблемаи муҳоҷирон ва “одаткунонии” онҳо бо он тарзу равише, ки русҳо мехоҳанд, намешавад...
Як мардуми дорои фарҳанги хос (чӣ тоҷику чӣ ӯзбеку қирғизу қазоқу чечену балқару дигару дигар) ба ҳеч ваҷҳ ба хотири ду танга маош расму оин ва эътиқоду менталитеташро иваз нахоҳад кард...
Дар тамоми дунё чунин аст: чӣ дар Амрико ва чӣ дар Аврупо.
Дигар сабаб батамом иваз шудани арзишҳоест, ки ба вуҷуд овардани ҳамин фазои чандфарҳангиро таъмин мекунанд: баробарии мардум ва шаъну эътибори миллатҳои дигар бо миллатҳои бумӣ кайҳост, ки аз байн рафта...