ФИКРИ БИКР (22)
ЯК БОМУ ДУ ҲАВО
Баъди хӯроки шом зан ҷойхоби духтару домодаш ва писару келинашро болои бом дуруст мекунад. Курпачаҳои ҷойхоби писару келинашро аз ҳамдигар каме дуртар мепартояд ва таъкид мекунад, ки “ҳаво гарм, бе курпаи болопӯш хоб кунед”, аммо ҷойҳоби духтару домодашро ҷафс партофта, болопӯш ҳам наздашон мегузорад ва мегӯяд: “Ҳаво сард аст, зери кӯрпа хоб равед”.
Келин ин манзараро дида, зам-зама мекунад:
“Ин чӣ гап эй Худое, як бому ду ҳавое,
Нисфаки он гармое, нисфаки он сармое”.
Аз ин “як бому дуҳавоӣ” дар сиёсати байналмилалӣ зиёд мебинем. Кишварҳои “ҷаҳони аввал” ба роҳатӣ як давлатро метавонанд бо иттиҳомҳое мисли “нақзи қавонини демократӣ” мавриди таҳримҳои сангин қарор бидиҳанд, аммо ҳамин як амалро барои кишвари дигар “ҳаққи муҳофизат аз манфиатҳои миллӣ” арзёбӣ кунанд. Ҳамлаи як кишвар ба кишвари дигарро маҳкум ва ҳамлаи кишвари дигар ба кишвари дигарро тавҷеҳ кунанд. Ҳарфу амалҳои роҳбари як кишварро нодида ва ҳарфу амалҳои ҳамсони роҳбари кишвари дигарро дида бигиранд...