Дар Тоҷикистон беҳтарин ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон дар соли 2025-ро маълум карда, ба онҳо ҷоиза доданд.
Маросими супоридани ҷоизаҳои бахши мухобиротии Тоҷикистон (Telecom Awards Tajikistan 2025) шоми 7 май дар Душанбе сурат гирифта, ба иттилои масъулин, ғолибон дар 16 бахш бар асоси раъйи муштариён ва ченакҳои техникии ширкатҳои байналмилалии “Ookla” (Speedtest) ва “DMTEL”, ки суръату сифати интернетро месанҷанд, муайян шудаанд.
🔸Ширкати “Tcell” беҳтарин ироадиҳанда (оператор)-и алоқаи мобилӣ ва ширкати “Babilon-T” беҳтарин таҳвилдиҳанда (провайдер)-и интернети ноқилӣ дар соли 2025 дониста шуда, шоҳҷоиза ба даст овардаанд.
🔸Ҳамчунин, ба қавли масъулин, интернети мобилии “Babilon-M” ва интернети ноқилии “Babilon-T” беҳтар эътироф шуда, ин ширкат соҳиби ҷоизаҳои бахши “Сареътарин ширкати алоқаи мобилӣ (вобаста ба суръати интернет)” ва “Сареътарин шабакаи ноқилӣ (вобаста ба суръати интернет)” низ шудааст.
Ғолибони 12 бахши дигар ба таври зайланд:
🔸Ҷоизаи “Пешрафти сол”: “Tcell”;
🔸 Ҷоизаи “Интихоб ва эътирофи муштариён” (байни ширкатҳои алоқаи мобилӣ): “Babilon-M”;
🔸 Ҷоизаи “Интихоб ва эътирофи муштариён” (миёни ироадиҳандагони интернети ноқилӣ): “Babilon-Т”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин хидматрасонӣ ба муштариён”: “Tcell”;
🔸Ҷоизаи “Беҳтарин роҳкори созмонӣ (қарори корпоративӣ)-и сол”: “МегаФон Тоҷикистон”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин ширкат дар самти масъулияти иҷтимоӣ”: “Nets”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин қарори навоварона (инноватсионӣ)-и соҳа дар соли 2025”: “Тоҷиктелеком”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин таносуби нарх ва сифат”: “Babilon-M”;
🔸 Ҷоизаи “Саҳмгузорӣ дар рушди соҳа”: “Тоҷиктелеком”;
🔸Ҷоизаи “Беҳтарини хизматрасонии рақамии сол”: “МегаФон Тоҷикистон”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин ироадиҳанда (оператор)-и зудрушдёбанда”: “Tcell”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи алоқа”: “Тоҷиктелеком”
Азия+