ЭЪЛОН
оид ба гузаронидани озмуни ишғоли вазифаҳо дар Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мувофиқи бандҳои 23 Оинномаи институт, банди 1.5-уми Низомномаи озмуни ишғоли вазифаҳои холии кормандони илмии институт оид ба ишғоли вазифаҳои зерин
ОЗМУН
эълон менамояд:
1. Мудири шуъбаи татбиқи натиҷаҳои илмӣ-1 ҷой.
2. Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва кор бо грантҳо-1 ҷой.
3. Сарходими илмӣ-7 ҷой.
4. Ходими пешбари илмӣ-4 ҷой.
5. Ходими калони илмӣ-3 ҷой.
6. Ходими илмӣ-2 ҷой.
7. Ходими хурди илмӣ-4 ҷой.
8. Лаборанти калон-3 ҷой.
I. Руйхати ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби номзадҳо пешниҳод мегарданд:
1. Нусхаи тасдиқшудаи диплом оид ба маълумоти олӣ.
2. Нусхаи тасдиқшудаи дипломи дараҷаи илмӣ (бо нишон додани мавзўи диссертатсия, ихтисос ва муассисае, ки дар он ҳимоя баргузор гардидааст) – ҳатмӣ барои довталабони вазифаи мудири шуъба, сарходими илмӣ ва ходими пешбари илмӣ.
3. Нусхаи тасдиқшудаи аттестати унвони илмӣ (дар ҳолати мавҷуд будан).
4. Руйхати мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои муқарризишаванда дар солҳои 2020-2026 нашршуда.
5. Маълумот оид ба шохиси Хирш-и номзад (тавассути пешниҳоди нусхаи саҳифаи сомона – масалан, elibrary.ru) – дар ҳолати мавҷуд будан.
6. Маълумот оид ба татбиқи амалии ихтирооту кашфиётҳои номзад дар истеҳсолот (санад, шаҳодатнома ва ғ.) – дар ҳолати мавҷуд будан.
7. Маълумот оид ба роҳбарии илмӣ ба аспирантон, докторантон, докторони фалсафа (PhD), аз ҷумла бо ишораи мавзўъ, ихтисос ва соли ҳимояи диссертатсияҳо – дар ҳолати мавҷуд будан.
8. Барномаи фаъолияти сохтор барои панҷ сол – барои довталабони вазифаи мудири шуъба.
9. Маълумот оид ба собиқаи корӣ – умумӣ ва аз руйи ихтисос.
10. Нусхаи тасдиқшудаи шиноснома.
11. Варақаи шахсӣ ва ҳолнома.
12. Ариза ба номи директори институт.
II. Ҳуҷҷатҳои зикршуда, ки дар баста (папка) сарҷамъ карда шудаанд бояд дар мўҳлати як моҳ аз санаи эълони озмун пешниҳод гарданд.
III. Ҳуҷҷатҳо танҳо дар ҳолати пурра будан қабул карда мешаванд.
IV. ЭЗОҲ:
1. Дар озмун барои ишғоли вазифаи “мудири шуъба”, “сарходими илмӣ” ва “ходими пешбари илмӣ” танҳо шахсони дорои дараҷаи илмии доктори илм, доктори ҳабилитат, номзади илм, доктори фалсафа (PhD), ки фаъолиятҳои илмиашон ба соҳаҳои иқтисодиёт, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои ҳаммонанд иртибот доранд, иштирок карда метавонанд.
2. Дар озмун кормандони институт ҳамчунин шахсоне, ки корманди институт нестанд, иштирок карда метавонанд.
3. Матни эълони мазкур дар сомонаи институт iitss.tj. низ (тоҷ./русӣ) ҷойгир карда шудааст.
4. Ҳуҷҷатҳо дар суроғаи зерин қабул карда мешаванд:
734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Борбад, 45/5, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бинои асосӣ “В”, ошёнаи 6, утоқи №612 (шуъбаитаъминти ҳуқуқӣ ва кадрҳо), тел.: (992) 933109361
Барои маълумоти бештар лутфан ба рақамҳо ва сомонаи зерин муроҷиат намоед:
Тел.: (992) 934119642 (муовини директор оид ба илм, инноватсия ва омоданамоии кадрҳои илмӣ ), (992 ) 933109361 (шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо).
Веб-сомонаи институт: itiss.tj.