ҚУРБОНИ БАНДИ КИФАТАМ[1], ТО ПУЛ ДОРӢ, РАФИҚАТАМ
Дар рӯзгорони қадим марде буд сарватманд ва ин мард фарзанде дошт айёш[2]. Ҳар чӣ падар ба фарзанди худ насиҳат мекард, ки бо дӯстони бад муошират макун ва даст аз ин вилхарҷиҳо бардор, ки дӯсти нобоб ба дард намехӯраду инҳо ошиқи пулат ҳастанд, ҷавони ҷоҳил қабул намекард. То ин ки марги падар фаро мерасад, падар мегӯяд:
– Фарзанд! Бо ту васийяте дорам: Ман аз дунё меравам, вале дари он матбахи кӯчакро қуфл кардам ва ин калидашро ба дасти ту медиҳам. Дар тӯи он матбах як банд ба сақф овезон аст. ҳар мавқеъ ки дасти ту аз ҳама ҷо кӯтоҳ шуд ва роҳе ба ҷое набурдӣ, бирав он бандро бияндоз гардани худат ва худатро хафа кун (биовез), ки зиндагӣ дигар ба дардат намехӯрад.
Падар аз дунё меравад ва писар бо дӯстону муоширони худ он қадр ифрот мекунад ва ба айёшӣ мегузаронад, ки ҳар чӣ сарват дорад, тамом мешавад ва чизе боқӣ намемонад. Дӯстону ошноёни ӯ, ки вазъро чунин мебинанд, аз даври ӯ пароканда мешаванд. Писар дар буҳту ҳайрат фурӯ меравад ва ба ёди насиҳатҳои падар меафтаду пушаймон мешавад ва барои ин ки каме аз дилтангӣ берун биёяд, як рӯз дуто тухми мурғ ва як гирдаи нон дуруст мекунаду равонаи саҳро мешавад, ки ба ёди гузаштаҳо дар лаби ҷӯе ё рӯи сабзае рӯзи худро ба шаб бирасонад ва меояд аз хона берун ва роҳии саҳро мешавад, то мерасад бар лаби ҷӯйи об. Дастмоли худро мегузораду кафшҳояшро дармеоварад ва мехоҳадобе ба сурат бизанаду пое бишӯяд. Дар ин мавқеъ калоғе аз осмон ба зер меояд ва дастмолро ба нуки худ мегираду мебарад. Писар нороҳат ва афсурда ба роҳ меафтад.
Бо шиками гурусна мерасад ба ҷое, ки мебинад руфақои собиқи ӯ дар лаби ҷӯй нишаставу ба айшу нӯш машғуланд. Меравад ба тарафи онҳо, салом мекунад. Ва онҳо бо ӯ таоруфи хушке мекунанду мегӯянд: Бифармоед! Ӯ паҳлӯи онҳо менишинад ва сари сӯҳбатро боз мекунаду мегӯяд, ки:
– Аз хона омадам берун, дуто тухми мурғ ва як гирда нон доштам. Лаби ҷӯе нишастам, ки суратамро бишӯям, калоғе онро бардошту бурд ва ҳоло омадам, ки рӯзи худро бо шумо бигузаронам. Руфақо шурӯъ мекунанд ба қоҳ-қоҳ хандидан ва рафиқи худро масхара кардан, ки:
– Бобо! Магар маҷбурӣ дурӯғ бисозӣ? Гурусна ҳастӣ,бигӯ, гуруснаам, мо ҳам луқмаи ноне ба ту медиҳем. Дигар намехоҳем, ки дурӯғ сари ҳам бикунӣ!
Писар нороҳат мешавад ва паҳлӯи руфақо ҳам намемонад. Чизе ҳам намехӯрад ва роҳии манзил мешавад. Манзил, ки мерасад, ба ёди ҳарфҳои падар меафтад. Мегӯяд: Худо биёмурзад, падарам медонист, ки ман дармонда мешавам, ки чунин васийяте кард. Ҳоло вақташ расида, ки биравам дар матбах ва худро бо танобе, ки падарам мегуфт, ҳалқовез кунам. Меравад дар матбах ва танобро меовезад гардани худ ва такон медиҳад...
Як мартаба кисае аз сақф меафтад поин. Вақте писар меояд нигоҳ мекунад, мебинад пур аз ҷавоҳир аст, мегӯяд: Худо туро биёмурзад, падар, ки маро наҷот додӣ! Баъд меояд даҳ нафар гарданкулуфт[3] бо чамоқ[4] даъват мекунад ва ҳафт ранг ғизо ҳам дуруст мекунад ва “дӯстони азиз”-и худро ҳам даъват мекунад.
Вақте дӯстон меоянд ва мефаҳманд, ки даму дастгоҳ рӯ ба роҳ аст, ба чоплусӣ меафтанд ва аз ӯ маъзарат мехоҳанд. Хулоса дар утоқ ба даври ҳам ҷамъ мешаванд ва бигӯву биханд шурӯъ мешавад. Дар ин мавқеъ писар мегӯяд:
– Ман имрӯз дидам як бузғола васати ду пои калоғе буд ва калоғ парвоз карду бузғоларо бурд.
Руфақо мегӯянд:
– Аҷаб нест, дуруст мегӯӣ!
Писар мегӯяд:
– Беинсофҳо! Ман дирӯз гуфтам: як дастмоли кӯчакро калоғ бардошт, шумо маро масхара кардед, ҳоло чӣ тур мегӯед: калоғ як бузғоларо метавонад аз замин баланд кунад? Ва чамоқдорҳоро садо мезанад. Кутаку лати муфассале ба онҳо мезанад ва берунашон мекунаду мегӯяд:
– Шумо дӯст нестед, ошиқи пул ҳастед!
Ва ғизоҳоро медиҳад ба чамоқдорҳо, мехӯранд...
Ва баъд ҳам роҳи зиндагии худро иваз мекунад.
(Аз китоби “Тамсил ва масал”)
[1] Киф – киса, анбони чармӣ ё дигар матоъ, ки барои нигаҳ доштани коғазу китоб, пул ё дигар мавод омода мекунанд
[2] Айёш – ишратпараст
[3] Гарданкулуфт – марди ҳузарб
[4] Чамоқ – чумоқ, калтак, гурз