Умеди Нав: post #3887 — TG.ME

Forwarded fromJAJamshed Ruzimurodov
Салом алейкум.
Дустони азиз ва устоди гироми қадр.

Ман ҳам аз илми психологя барои худ даркориро дастрас кардам ва хело натиҷаи калон дод.
Қариб ҳашт моҳ пеш ман ба қабули устод омадам. Ҳама барои қарздори, барои дардҳои гуногуни депрессиони оянд. Ман тамоман бо дигар масъала омадам.
Фарзандом синни балоғати 14 ва 16 сола
Сахт ба телефон дода шуда буданд бар замми ин гапнодаро бо модар номуросо.Баъзан шабгарди. Аз ҳар як рафторошон ба ману модараш як таъсири асабоният мезад.
Баъзан дод мезадам худро идора карда натавониста баъзан дарун дарун ноумеди ба қалбам пайдо мешуд, ки ман шабу руз барои ҳамин ҳо кор мекунам кушиш мекунам аз ҳеҷ кас кам накунам. Фарзандони асри 21 оқибаташ ҳамин хел будаст фикрҳои хастакунанда пайдо мешуд.
Ба қабули устод омадам.

Баъди дарс хело хатогиҳои худро дидам.
Мо худро диплом дорем, вазифадор, панҷ шаш сол ба донишгоҳ илм гирифтагием, Оли маълумот фикр мекунем. Лекин ҳамаи илми мо барои ягон касб омухтан кушишу талоши шабонарузии мо бо ҳунари худ барои пешбурди зиндаги будааст. Мо барои худ илми ҳаёти надорем. Илме ки қалби моро тавоно мекунад, то ба тамоми пастию баландиҳои ҳаёт ба мо роҳнамо бошад.

Ман дар зиндаги ба фарзандонам доим қонун мегузоштам лекин бо онҳо ҳамчун падару фарзанд, ҳамчун инсон, ҳамсуҳбати самими надоштам.
Фарзанди навбалоғат ҳамчу ниҳол, нигоҳу бин ба гуфтаҳои деҳқонон сари вақт карчофка кардан ба зимаи мо будааст.
Бе нигоҳу бин бори худро худ бардошта натавониста вақти ҳосил хам оварда бисёр мешиканад.

Шукри Худо ва сабаби устоди азиз имруз хело хурсандам
Пеш аз норасоии илми психологи ба фарзандони ҳамсоя ва шиносҳо ҳавас мекардам, торафти ҳаёт аз фарзандони худам дил сард мешудам. Дар назарам фарзандони худам шуму баднамо намудор мешуд.
Шукри Худо дер накарда фаҳмишро ба даст овардам.
Ташаккур!
Устоди азиз
Барои дарсҳои бебаҳоятон.

Хоҳиш дорем
Чунин дарсҳои психологи ва оилави зиёдтар шавад

Шодбахш. ш. Душанбе.
👍7❤3🔥1
May 4, 2026 806 2