⏳
Салом
Устоди азиз
Аз шумо миннатдорам.
Барои чашми қалби маро кушодан сабаб шудантон.Қариб буд бо осони оилаи хдро хдам вайрон кнам.
Худо шуморо ба ман сабаб кард,сад шукрона ба Худои меҳрубон, бо маслиҳати шумо имруз масъулияти падариамро бо сари баланд бар гардани худ бигрифтам.
Чанд моҳ пеш ба қабули шумо рафтанамро ба хотир овардам чи қадар парешон,руҳияти хаста пур аз алам. Ба худ гуфтам охирон шанси ман, назди шумо рафтан.
Аз ҳама барои ман сухани таъсирнок гуфтед, ки ҳамон сабаб шуд ман худро қавӣ сохтам.
Ман интихоби ҳаётамро бароварда тавонистам.
Ман ба падару модарам нигоҳ карда
гуфта тавонистам.
Бо нарми
маро чи қадар дуст медоред, фақат ҳақиқатро гуед гуфтам. Онҳо он сухане ки ба ман гуфтанд муҳабаташонро фаҳмонданд.
Ман ҳам наздашон бо сари хам бо ҳурматошон гуфтам ки ман ҳам фарзандамро ҳамин хел дуст медорам. Ман ҳам намехоҳам фарзанди ман дар ба дари бибию тагову хола дарди сару бепадару безори калон шавад.
Онҳо гуфтанд мо ҳамсаратро намехоҳем фарзандатро чи қадар ёд карди рафта бин, ё ҳар вақте мехоҳи ба хона ор.
Устод ман бисёр ба саволи шумо чуқур фикр кардам.
Ман дар ҳақиқат масъулияти шавҳариро дуруст иҷро накардаам. Ба муҳлати дароз муҳоҷир шуда ҳамсарамро ба назари ҳама шуму баднамо кардам.
Модарам дар зиндаги ба падарам гапаш гузаро, зани боҳавас, ҳар чи ҳавас мекунад то нагирад қалбаш ором намешавад. Куҷо хоҳад дили падарамро ба даст оварда ба ҳар куҷо дамгири меравад.Асабоният шавад ягонтаи моро ая намекунад, нодида мегирад. Апаву хоҳаронам ҳам...чунин. Зиндагии озод доранд. Телефонҳояшон ҳам шавҳарошон туҳфа кардааст.
Ман ба ҳамсарам беиҷозати падару модарам ягон сум рои накардаам. Лоақал ҳадя надодаам.То ҳол чанд сол шуд ҳамсарам телефон надорад. Устодҷон ба гапҳои ҳархела фарзандам, ҳамсарам ҳам баъзан дар назарам хнуку баднамо менамуд.
Ҳозир дар ҳамин замон фарзанди ҳама бо либосҳои фасон бо меҳр зебо намояд. Фарзанди ман на аз меҳри падар ва на аз муҳаббати падар ки ҳато либосҳояш фақирона, аҷоиб гуё фарзанди дигар бошад гарми надошт.
Устодҷон ба саволи охиронтон ҷавоб дода натавонистанам,
Бе сабаб набуд. Ман бемасъулиятии худро равшан дида тавонистам.
Ман худамро хатоҳои худамро дида тавонистам.
Дар охир
Шерзод то худатро ислоҳ накуни даҳ зан гири ҳам, боз худат оилаатро ба ҳар гап бовар карда осон вайрон мекуни.
Пеш аз фарзанди азизи як нафарро нимароҳ кардан аввал худатро дер нашуда ислоҳ кун гуфтанатон ба қалбам сахт таъсир кард.
Падару модарам чандин маротиба гуфтанд духтари хона гирифта медиҳем. Фақат ҳамон занатро аз фикрат дур к
Ман ба падару модарам зиддият накардам
гуфтам агар ба хонаатон роҳ додан нахоҳед, ман ба иҷора зиндагиямро давом медиҳам.
Фарзанди сари куча надорам. Маро Худо неъмати падари лоиқ кард.
Чанд моҳ мешавад ба иҷора зиндаги дорем.
Ҳамсарам ягон камбуди надорад. Аз уҳдаи ҳама кори зиндаги баромада истодааст.Аз ҳама хубиаш ҳамсарам намозхон, сараш ба саҷда, китоби муқадас мехонад. Ман худам дар ҳақиқат қариб номарди мекардам. Бисёр ашки чашмашро рехтам.бисёр дашном кардам аз Русия хатогияшро ба чашми худ нодида бовар кардам.
Имруз падару модарам ба хона моро дидан омаданд набераамонро ёд кардем гуён.бо ҳамсарам хуб рафтор карданд. Ҳамаш мисли аввали ҳаётамон барин хуб шуда истодааст. Нияти хона гирифтан кардестам. Иншолло
Корҳои ман( савдоям) ҳам шукри Худо хуб пешрави дорад.
Устоди азиз.
Донишманди беҳтариненд.
Барои ҳаёти ман барои масъулияти шавҳарию падариамро ба ман роҳнамо шуданда сабабгор шудед
Худо аз шумо рози бошад. Дунё ва охираттона Худо обод кнад.
Дар ҳақатон дуогуем.
Устодҷон🤲🫂🙌
Forwarded fromJamshed Ruzimurodov
12
4May 2, 2026 687 1 2