Умеди Нав: post #3894 — TG.ME

Forwarded fromJAJamshed Ruzimurodov
Салом дустон.

Ман ҳам мехоҳам аз зиндагии худ каме нақл кунам.
Шояд ба ягон нафаре мисли ман фоидае дошта бошад.

Дар аввал,ман на ҳама мардон чунин ҳастанд ё на ҳама занон мегуям.

Ман оиладор соҳиби се фарзанд,вазифадор ҳастам.

Мо инсонҳо чашми кушода дорем, дунё ро ҳама чизро дида метавонем. Аммо баъзан аз нобино бадтар рафтор мекунем.

Соати кориям он қадар бисёр ё вазини нест, аз соати 8 субҳ то соати 16:00

Ҳар бегоҳ баъди аз кор баромадан бо ҳамкорон бо диду шинос вақт мегузаронам. Баъзан шабҳо дертар ба хона меоям.
Ҳамсарам вақте дарро ба руям боз мекунад дохили хона нашуда настрениҳоям мепарад. Дар назарам гуё кампири хаста намудор мешавад.Асабҳоям бе ягон сабаб хароб мешавад. худро идора карда наметавонам. Баъзан суханҳои пасту баланд мезанам. Бо сари хам ҳама гуфтаҳоямро иҷро мекунад.
Дар синни 30 солаги оиладор шуда ,баъди чанд сол фарзанддор шудем.

Дар хона модари муйсафеду бемор дорам, ҳамсарам бо се кудаки хурд боз модарамро нигоҳу бин мекунад.
Ин хел зиндагии якрангу дилгиркунанда руз аз руз ба асабҳоям таъсир мекард, ки охири охирон ба ҷои кор ҳам худро роҳат ҳис карда наметавонистам.
Чанд маротиба личени дар бораи асаб гирифтам, як муддат ҳолатам хуб мешуд, боз асабҳоям хароб
Ба ман тавсия доданд назди равоншинос равам.
Як рафиқам Устод Рузимуродовро маслиҳат дод.
Ба қабули Устод омадам.
Аз руи қоида соати 12:00 ба ман вақт дода буданд, чунки рузи шанбе соати кории мо то соати 12:00 аст. аммо ман соати 15 кам 13 ба офис ҳозир шудам.
Устод 15 дақиқа бо ман ҳамсуҳбат шуданд. Бо ҳамкорони Эрони ба ҷое рафтанд. Дар ин 15 дақиқа аз ман як ду савол карда вазифа доданд, ки ин вазифа фикран бароям хело душвор буд.
Каме ба қалбам аз Устод ранҷидам гуям ҳам мешавад.
Хулоса Устод гуфтанд, ҳамсаратонро як шабона руз ба хонаи модараш равон кунед кудаконашро ҳамроҳаш набарад хубтар. Ин вазифаро иҷро кардед баъд ба наздам биёед. Беҳтарин дарс ба шумо ҳаст гуфта рафтанд.

То хона омадан фикр мекардам, чи хел ҳамсарамро як шабона руз ба хонаи модараш равон мекунам, боз бе кудакон.
Пеш аз ба дарс даромадан телефонамро хомуш карда будам,гирон кардан аз хотирам рафтааст.
Вақте хона расидам хусурам чанд маротиба занг задааст, модари ҳамсарам бемории хуруҷи қалб дошт ба беморхона ба ҳолати вазнин рафтааст. Хусурам барои ҳамсарамро бурдан ба хона омадааст.
Ман ҳам зуд рози шудам онҳо рафтанд. Аввал хурсанд шудам ки чи гуна равон мекунам гуфта фикр доштам, ина худаш рост шуд гуфтам.
Руз бегоҳ шуд, нигоҳу бини кудако, модар гурусна,шаб хурок закас дода онҳоро каме расидаги кардам, ҳама хоб, хона онқадар бетартиб ҳамаро гиру мон ҷой ҷой карда он қадар хаста хобидам, ки субҳ фаромуш кардам ҳамсарам хона нест. Фикр кардам субҳона тайёр аст. Баъди каме боз табу хези кудако, нигоҳу бини модар руз бегоҳ шуда истодааст, хона бесару сомони. Бо иҷро кардани корҳо ҳамаро осуда карда наметавонам. Ба ҳамсарам занг задам ҷавоб надод.Каме ғазаб кардам ду се маротиба пай дар ҳам занг задам хусурам бардошт. Гуфт ҳолати модар вазнин
Вазъияти рафтан надорад. Ҳамин гуна рузи якшанберо ҳам дар хона бо чунин ҳоли ногуфтани гузаронидам.
Ҳар якшанберо ман бо рафиқон ба ҳар ҷой мегузаронидам.
Баъзан ҳамсар занг занад хоҳиши бардоштан надоштам, ё нон закас кунад, сарзаниш мекардам ки ту чи гуна зан ҳасти бояд худат пази. Рузе аз ман хост, аз кор бар вақт мебароед,хона оед ба кумаки шумо ниёз дорам, лоақал ба модар хобону хезон ёри расонед,гурдаҳоям аз хастаги дард дорад. Ё рузҳои якшанбе ба ман каме кумак кунед,
Баъзан душвори мекашам гуфт. Ҳамон руз он қадар ҳақашро додам дигар аз ман чизе талаб накард. Ҳамсарам руз аз руз хомуш, дар назди чашмонам хастаҳол пажмурда шуда мерафт,аммо чашмони ман инро намедид.Қалби ман ҳис намекард. Субҳи Душанбе ман бояд соати 8:00 ба корхона мешудам, ҷаласаи кори доштем.
Занг зада гуфтам ҷаласаро ба рузи дига гузоранд.
❤3
May 11, 2026 561