Он қадар ба ҳолати танги афтодам ки гуё сару ҳисобам гум шуда бошад. Чашмонам ҳамон вақт ба ҳаёт дигар хел кушода шуд. Мо мард бошем ҳам баъзан зиндагиро мисли зан пеш бурда наметавонем. Мо ба корхона ба кучаҳо занҳои зеборо дида аз ҳамсари худ меранҷем. Гарчанде ки онҳо заиф ном доранд лекин қалби бузург доранд.Гарчанде дер хонадор шуда бошам ҳам ҳамсари ҷавон гирифта будам.хело дер, чанд сол пас фарзанддор шуда будем. Ҳамон вақт ҳис кардам ки ба ҳамсарам чи қадар зулм дорам. Вазни беморбони, кудакҳои хурду шӯх, шавҳари намефаҳмидаги, пухту паз нигоҳу бини хонаву дар чи қадар душвор.
Чаро баъзан мо мардҳо ҳамин гуна ҳолатҳо дар назди чашмонамо мешаванд намефаҳмем чаро?
Сабаб дар чи бошад?
Дӯстон ки ба саволи ман ҷавоби дуруст дода метавонад?
Ҳастанд мардҳои хуб гарчанде аз мо ҳам вазифаҳои баланд дошта бошанд ҳам, ҳам кор ва ҳам оиларо ба сатҳи олӣ мебаранд.
Ҳастанд занҳое ки хусуру хушдомани муйсафед доранд онҳо дар зиндаги маҷбур кор мекунанд, келиндҳое ҳастанд дидаву дониста худро ба бемори мезананд руз то бегоҳ телефон бози карда мешинанд.Виҷдони худро бедор сохта наметавонанд.
Ҳастанд келиндҳое ки бе садо зиндагиро зебо мебаранд. Ба ҳаммаи ин АҚЛИ инсон, асос даруна виҷдонро бедор карда тавонистан будааст. Валлоҳ қасам агар виҷдонро бедор накардем хоҳ мард ё хоҳ зан, хоҳ ҳамкор бадтарин, пасттарин инсон мешудааст.
Баъди каме хусурам ҳамсарамро ба хона овард. Гуфт шукри Худо хавфро паси сар кардем.
Ҳамсарам зуд либосҳои маро дарзмол карду маро ба кор гусел кард.
Ҳамон руз вақт гирифта назди Устод рафтам.
Дӯстон
Чи гуна ба шумо фаҳмонам.
Росташ хело гуфтан душвор аст.
Албатта инсони мефаҳмида ҳаст инсони намефаҳмида ҳаст.
Вақте назди Устод даромадам оби чашмамро дошта натавонистам.
Ба забонам аввал сухан наомад.
Устод бо ним табассум гуфтанд нагуед ҳам ман мефаҳмам, шукр ки Худо қалби шуморо кушод. Агар қалби инсон кушода нашавад, ба илм дубора ру оварда наметавонад. Роҳи дури ё умуман дубора фикри наомадан ба шумо пайдо мешуд.
Баъзеҳо илм мегиранд то се руз худро каме мешиносанд, баъзеҳо то як сол, баъзеҳо як чанд сол, аз болои худ кор карда кор карда баъд худро мешиносанд.Шукри Худо ки шумо дар як амалиёту вазифа худро каме шинохтед.
Бадтарин одати инсони чашми кушода дорад, лекин мисли нобино аст. Қалби инсони дорад, вале ғарқаи ғафлат аст.
Бо дарси беҳтарин аз назди Устоди азиз баромадам.
Бо ду даста гули зебо ки арзиши ҳама модарон ва ҳамсарони қави иродаро дорад гирифта бо ширини ба хона расидам.
Хона чун ҳама руза тозаву озода, кудако модар, ҳама тинҷу ором.
Вақте гулро ба модару ҳамсар ҳадя кардам. Ба ин наздик солҳо ба чеҳраи онҳо хурсандии ҳақиқиро ҳозир ҳис кардам.
Раҳмат ба устоди азиз Рузимуродов
Раҳмат бар падар ва модаратон ки чунин фарзанд тарбият карданд.
Мо барин чанд шахсони асабониҳоро бо хатогиҳои худамон, қалбу чашмонамонро кушодан сабабгор ҳастед.
Худо аз шумо рози бошад.
Мо аз шумо миннатдор.
ш. Душанбе
А. З. Ашрафзода.
Forwarded fromJamshed Ruzimurodov
11
4
2
2
1May 11, 2026 909