Фоидаҳо аз ҳадис:
1). Шиддати ҳирси Расули Аллоҳ ﷺ ба таълим додани саҳобагонаш (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) ин намозро барои манфиъати бузург доштанаш.
2). Мустаҳаб будани намози истихора ва дуъои аз суннат собит шуда баъдаш.
3). Мустаҳаб будани истихора дар корҳои ҷоизе, ки шахс дар дудилагӣ қарор мегирад. Дар амри воҷиб ва фарз хонда намешавад, зеро онҳо ихтиёри нестанд.
4). Мустаҳаб будани истихора дар коре, агарчи хӯрд ва ҳақир бошад дар гумон, зеро гоҳо чизи ҳақир бузург мегардад ва бисёр корҳои бузург ба он тааллуқ пайдо мекунанд.
5). Истихора ҷоиз намебошад дар тарки ҳаром ё макрӯҳ, зеро тарки ин корҳо ихтиёри намебошад.
6). Лозим аст ба ҳар шахс, то тамоми корҳоро ба сӯйи Аллоҳ баргардонад, инчунин лозим аст, то аз қуввату қудрати худаш хориҷ гашта ба қуввату қудрати Аллоҳ таслим шавад.