📚 Ҳадиси - 98 📚
Аз Абу Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
Хонаҳои худро қабристон накунед, ҳар оина шайтон аз хонаҳое, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад, мегурезад.
(Саҳеҳи Муслим № 780 ) 🔁
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ عَنْ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ :
« ﻻ ﺗَﺠْﻌَﻠُﻮﺍ ﺑُﻴُﻮﺗَﻜُﻢْ ﻣَﻘَﺎﺑِﺮ، ﺇِﻥَّ ﺍﻟﺸَّﻴْﻄَﺎﻥَ ﻳَﻨْﻔِﺮُ ﻣِﻦ ﺍﻟْﺒﻴْﺖِ ﺍﻟَّﺬﻱ ﺗُﻘْﺮﺃُ ﻓِﻴﻪِ ﺳُﻮﺭﺓُ ﺍﻟْﺒﻘَﺮﺓِ »
رواه مسلم (780)
Фоидаҳо аз ҳадис: 📖 ✍
1). Суннат будани зиёд кардани ибодатҳо ва намозҳои нофила дар хонаҳо.
2). Намоз хондан дар қабристон ҷоиз намебошад, зеро яке аз василаҳои расидан ба ширк ва зиёдарави дар ҳақи мурдагон мегардад. Ба ҷуз намози ҷаноза.
3). Наҳӣ аз инки хонаҳо мисли қабристон шаванд ва дар он намоз хондан нашавад.
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚
#Намоз
#Фазилат



