Ҳадиси - 111 📚 Аз Абу Зар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки… — Намози Паёмбар ﷺ — TG.ME

📚 Ҳадиси - 111 📚


Аз Абу Зар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:

Саҳаргоҳон вақто ки аз хоб мехезед, бар ҳар як (пайванде аз) пайванди ҷисми шумо садақа лозим мегардад, пас (гуфтани) ҳар тасбеҳе (Субҳаналлоҳ) садақа аст ва (гуфтани) ҳар таҳмиде (Алҳамдулиллаҳ) садақа аст ва (гуфтани) ҳар таҳлиле (Ла илаҳа иллаллоҳ) садақа аст ва (гуфтани) ҳар такбире (Аллоҳу Акбар) садақа аст ва ба корҳои хуб амр кардан садақа аст ва аз корҳои бад манъ кардан садақа аст ва ба ҷойи (гуфтани) ҳамаи инҳо ду ракаат намозе, ки шахс дар чоштгоҳ
мегузорад, кифояги мекунад.

(Саҳеҳи Муслим № 720) 🔁


عَنْ أَبِي ذَرٍّ ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنَّهُ قَالَ :

" يُصْبِحُ عَلَى كُلِّ سُلَامَى مِنْ أَحَدِكُمْ صَدَقَةٌ ؛ فَكُلُّ تَسْبِيحَةٍ صَدَقَةٌ، وَكُلُّ تَحْمِيدَةٍ صَدَقَةٌ، وَكُلُّ تَهْلِيلَةٍ صَدَقَةٌ، وَكُلُّ تَكْبِيرَةٍ صَدَقَةٌ، وَأَمْرٌ بِالْمَعْرُوفِ صَدَقَةٌ، وَنَهْيٌ عَنِ الْمُنْكَرِ صَدَقَةٌ، وَيُجْزِئُ مِنْ ذَلِكَ رَكْعَتَانِ يَرْكَعُهُمَا مِنَ الضُّحَى ".

رواه مسلم (720)‏


📚 Ҳадиси имрӯз  📚

#Намоз
#Фазилат
❤3✍1
July 12, 2025 840 1 3