📚 Ҳадиси - 97 📚
Аз Ҷундаб ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
Шахсе, ки намози бомдодро бигузорад, пас вай дар зери ҳифзи Аллоҳ аст, пас шуморо Аллоҳ (ба хотири озор ё зулм намудани шахси дар зери ҳифзаш буда) аз ҳифзаш (чаро бандаеро, ки дар зери ҳифзи Ман буд озор ва зулм намуди, гуфта ) талаб накунад, пас Ӯро (бо сабаби озор ва зулм намуданаш) гирифта, сар ба поён дар дӯзах меандозад.
(Саҳеҳи Муслим № 657) 🔁
ﻋَﻦْ ﺟُﻨْﺪَﺏَ ﺑْﻦِ ﻋَﺒْﺪِ ﺍﻟﻠَّﻪِ ، ﺭَﺿِﻲَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ ﻗَﺎﻝَ، ﻗﺎﻝَ ﺭَﺳُﻮﻝُ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ
« ﻣَﻦْ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﺼُّﺒْﺢَ ﻓَﻬُﻮَ ﻓِﻲ ﺫِﻣَّﺔِ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﻓَﻠَﺎ ﻳَﻄْﻠُﺒَﻨَّﻜُﻢُ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻣِﻦْ ﺫِﻣَّﺘِﻪِ ﺑِﺸَﻲْﺀٍ ﻓَﻴُﺪْﺭِﻛَﻪُ ﻓَﻴَﻜُﺒَّﻪُ ﻓِﻲ ﻧَﺎﺭِ ﺟَﻬَﻨَّﻢَ »
رواه مسلم (657)
Фоидаҳо аз ҳадис: 📖 ✍
1). Баёни аҳамияти намози бомдод ва фазилати он.
2). Огоҳии шадид барои касе, ки шахси намози субҳ хондаро азият медиҳад. (Зеро ҳифзи ӯро Аллоҳ кафолат додааст).
3). Интиқоми Аллоҳ аз касеоне, ки ба бандагони солеҳи Ӯ озору азият расонанд.
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚
#Намоз
#Фазилат


