#Ҳаёти Мавлоно Яъқуби Чархӣ
Мавлоно шайх, аллома ва донишманди бузург Яъқуби Чархӣ раҳимаҳуллоҳ
🔻 Насаби ӯ:
Ӯ шайху имом Яъқуб ибни Усмон ибни Маҳмуд ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Ғазнавӣ буда, сипас бо нисбаи Чархӣ ва Сарзӣ маъруф гаштааст. Худованд раҳматаш кунад.
🔻 Падари бузургвораш:
Шайх Яъқуби Чархӣ раҳимаҳуллоҳ дар китоби машҳури худ «Тафсири Чархӣ» ҳодисаеро дар бораи падараш ёд мекунад ва мегӯяд: «Падарам аз ҷумлаи донишмандони бузург буд. Ба талаби илм бисёр аҳамият медод ва марди солеҳу парҳезгор буд.»
🔻 Осор ва таълифот:
Шайх Яъқуби Чархӣ осори гаронбаҳо ва рисолаҳои зиёде аз худ боқӣ гузоштааст, ки зикри ҳамаи онҳо ин ҷо имкон надорад. Аз машҳуртарин онҳо «Тафсири Яъқуби Чархӣ» мебошад, ки охирин асари ӯ буда, соли 851 ҳиҷрӣ ба анҷом расидааст.
Ин тафсир бахше аз Қуръони каримро дар бар гирифта, истиъоза (паноҳ хостан ба Худо), басмала, сураи Фотиҳа ва ҷузъҳои бисту нӯҳуму сиюмро шарҳ медиҳад.
Шайх бештар матлаби онро аз «Тафсири Кашшоф»-и Имом Замахшарӣ ва тафсири Муваффақуддини Кавошӣ гирифта, сипас шарҳу тавзеҳоти судманди худро ба он афзудааст. Ба ҳамин сабаб, ин тафсир ҳам таҳқиқи илмӣ дорад ва ҳам ишораҳои ирфонӣ, ки бо забони форсии сода, равон ва фаҳмо навишта шудааст.
Ин тафсир борҳо бо усули чопи сангӣ дар кишварҳои нимҷазираи Ҳинд нашр шудааст. Аз маъруфтарин нашрҳои он, нашри Лоҳур (соли 1331 ҳиҷрӣ) мебошад, ки бо ҳошияи «Равзатул-маориб», таълифи Валӣ Муҳаммад ибни Мулло Марвати Хуҷандии Қандаҳорӣ, ба табъ расидааст.
Ҳамчунин, ба шайх Яъқуби Чархӣ тарҷумаи Қуръон ба забони тоҷикӣ нисбат дода шудааст. Аммо ин тарҷума асари мустақил нест, балки ҳамон тафсири форсии худи ӯ мебошад, ки баъдан иштибоҳан тарҷумаи Қуръон шумурда шудааст. Валлоҳу аълам.
🔻 Вафот:
Шайх Яъқуби Чархӣ раҳимаҳуллоҳ рӯзи шанбе, 5-уми моҳи Сафари соли 851 ҳиҷрӣ, мувофиқ ба 23 апрели соли 1447 милодӣ, аз дунё гузашт ва дар шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба хок супурда шуд.
Аз Худованди мутаъол мехоҳем, ки ӯро ба раҳмати васеи Худ фаро гирифта, мақомашро дар аъло дараҷаҳои ҷаннат баланд гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.
🔻 Қитъаи таърихи вафот
Ҳангоми вафоти Мавлоно Яъқуби Чархӣ чунин гуфтаанд:
شد ارواح چو رخ چون منزلگزین
حضرت یعقوب محبوبِ خدا
هاتف (شمسالهدایت) گفتهاند نیز:
«حق آمد، نورِ مطلوبِ خدا»
واصل (کاململکسیرت) به جوان
هم بدان: «یعقوب محبوبِ خدا»
🔻 Мақбараи ӯ:
Он чи дар сурат мебинед, мақбараи Мавлоно Яъқуби Чархӣ мебошад. Мақбараи эшон дар шарқи шаҳри Душанбе, дар масофаи тақрибан 15 километр ҷойгир буда, яке аз маъруфтарин зиёратгоҳҳои машоихи тариқати Нақшбандия ба шумор меравад. Ин тариқат дар паҳн шудани дини Ислом дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим доштааст.
Масҷиди Ҳазрати Мавлоно Чархӣ соли 1495 милодӣ бо дастури Абдуллоҳ Пошо (Амири замон) бунёд гардида, ба номи Мавлоно Яъқуби Чархӣ номгузорӣ шудааст, зеро эшон дар ҳамон ҷо дафн шудаанд. Ин масҷид то имрӯз бо ҳамин ном машҳур аст.
Худованд ӯро раҳмат кунад ва ҷойгоҳашро дар биҳишти барин гардонад.
https://t.me/mirkatululum