Ё Аллоҳ... аз Худат илтиҷо мекунам, маро аз касоне қарор надеҳ, ки як умр амал карданд, як умр худро хаста сохтанд, як умр гумон карданд, ки барои рузи мулоқот бо Ту чизе пеш фиристодаанд... аммо дар охир фаҳмиданд, ки амалҳояшон, хоҳ дониста ва хоҳ надониста, барои чашмони мардум буд, на холис барои Ту.
Ё Аллоҳ, аз ин метарсам, ки солҳо ибодат кунам, илм биомузам, аз дин сухан бигуям, мардум маро ба неки бишиносанд ва худам низ гумон кунам, ки бандаи хубе будам... аммо рузе, ки ҳеҷ нигоҳе ва ҳеҷ ситоише ғайр аз ризояти Ту арзише надорад, бифаҳмам, ки дастам холист. 💔
Ё Аллоҳ, чи дарднок хоҳад буд, агар рузе, ки қалбам тамоми умр интизори мулоқот бо Ту буд, ниҳоят дар пешгоҳи Ту биистам... аммо амалҳоеро, ки гумон мекардам маро наҷот хоҳанд дод, дар он ҷо пайдо накунам.
Монанди тоҷире, ки тамоми умр ҳисоби фоидаашро мекард ва гумон мекард сарватманд шудааст, аммо маҳз дар рузе, ки аз ҳар вақти дигар ба сармояаш бештар ниёз дорад, дафтарашро боз кунанд ва бифаҳмад ҳеҷ чиз барояш боқи намондааст.
Ё Аллоҳ, мабодо ман ҳамон тоҷир бошам.
Мабодо як умр савоб ҷамъ кунам ва дар охир муфлис бирасам. Мабодо мардум аз амалҳоям сухан гуянд, аммо дар тарозуям чизе аз онҳо набошад. Мабодо мардум маро бандаи солеҳ бидонанд, аммо Ту аз ниятҳои пинҳонии қалбам огоҳ боши ва ман аз ҳақиқати худ ғофил монда бошам.
Ё Аллоҳ, аз он лаҳза метарсам, ки пардаҳо канор раванд ва дигар ҳеҷ имконияте барои бозгаштан, ислоҳи ният, тавба кардан ва аз нав оғоз кардан набошад.
Аз ин метарсам, ки он руз бо ҳасрат ба умрам нигоҳ кунам ва орзу кунам:
Кош танҳо як амал медоштам... як амали хурд, аммо комилан холис барои Ту.
Ё Аллоҳ, қалби ман дар дасти Туст. ❤️🩹
Пас маро ба қалби худам вомагузор.
Агар нияте дар қалбам фосид шуда бошаду худам онро набинам, онро ислоҳ кун. Агар дар он риёе пинҳон шуда бошаду худам онро нашиносам, онро пок кун. Агар муҳаббати ситоиши мардум оҳиста-оҳиста ба амалҳоям дохил шуда бошад, пеш аз он ки амалҳоямро бисузонад, онро аз қалбам берун кун.
Ё Аллоҳ, нагузор чизеро барои Ту оғоз кунам ва барои мардум ба анҷом расонам.
Ё Аллоҳ, ман аз Ҷаҳаннам метарсам, аммо аз ин ҳам метарсам, ки рузи Қиёмат бифаҳмам, амалҳое, ки тамоми умр умед доштам миёни ман ва оташ қарор гиранд, аслан барои Ту набудаанд.
اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أُشْرِكَ بِكَ شَيْئًا أَعْلَمُهُ، وَأَسْتَغْفِرُكَ لِمَا لَا أَعْلَمُهُ.
Эй Аллоҳ...
Рузе, ки тамоми дунё аз дастам рафт, рузе, ки дигар наметавонам ҳеҷ амалеро илова кунам рузе, ки танҳо он чизе боқи мондааст, ки пеш фиристодаам...
Нагузор ҳамон руз бифаҳмам, ки як умр пур аз амал доштам, аммо барои мулоқот бо Ту чизе надоштам.
Ё Аллоҳ, маро беҳуда магузор. Умрамро беҳуда магузор. Ибодатамро беҳуда магузор. Ашкҳоямро беҳуда магузор.
Ва рузе, ки қалбам бештар аз тамоми умр муштоқи мулоқот бо Туст...
Нагузор муфлис ба мулоқоти Ту биёям. ❤️🩹💔