#ҚУРБОНИ
Саволҳо шояд зиёд шавад дар ин рӯзҳо дар мавриди қурбони, бино бар ин чизҳои муҳимашро чигунае дар мазҳаби мост хулоса кунам:
🔻Қурбонӣ бар ҳар мусалмони озод, муқим ва соҳиби нисоб воҷиб аст.
Ҳар касе ки ба миқдори 88 грам тилло мол дошта бошад ва қарздор набошад, қурбонӣ бар ӯ воҷиб мегардад.
🔻Қурбонӣ дар рӯзҳои муайян анҷом дода мешавад.
Воҷиб будани қурбонӣ қавли Абу Ҳанифа, Муҳаммад Шайбонӣ, Зуфар ибни Ҳузайл ва низ ривояте аз Абу Юсуф мебошад ва ҳамин қавл дар мазҳаб мӯътамад аст.
🔻Агар тифли хурдсол соҳиби мол бошад, падараш метавонад аз номи ӯ қурбонӣ кунад.
🔻Дар як гов ё шутур то ҳафт нафар метавонанд шарик шаванд ва ин охирин ҳадди шарикӣ аст.
🔻Бар фақир ва мусофир қурбонӣ воҷиб нест.
🔻Вақти қурбонӣ аз баъди намози иди Қурбон оғоз мешавад ва то се рӯз идома меёбад.
🔻Ҳайвони қурбонӣ набояд айбдор бошад; монанди:
кӯр,
кар,
шал,
ланг,
бисёр лоғар,
бемор,
бе аксари гӯш,
ё бе аксари дум.
🔻Агар аз миёни ҳафт шарик ҳатто як нафар танҳо нияти гӯшт дошта бошад, қурбонӣ дуруст намешавад.
🔻Аз гӯшти қурбонӣ ҳам худ мехӯранд, ҳам дигаронро мехӯронанд ва ҳам садақа мекунанд.
🔻Беҳтарин амал он аст ки инсон қурбонияшро бо дасти худ забҳ намояд.
Ва агар масоилро муфассал хоҳи бингар:
📚 Ҳидоя ҳамроҳи ҳошияи Лакнави (ҷ 4/ 1672).
📚 Ҳошияи ибни Обидин (ҷ 6/ 311).
📚 Ғоя дар шарҳи ҳидоя аз Қивомуддин.
📚 Биноя шарҳи ҳидоя аз Айни.
📚 Фатҳ-ул қадир аз ибни Ҳумом.
https://t.me/mirkatululum
4
1May 22, 2026 206 1