МУКОФОТИ ОЛИИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД, МУҲТАРАМ РАИС!
Роҳбарият, ситоди мураббиён ва бозингарони дастаи "Панҷшер" Раиси вилояти Хатлон, Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро ба муносибати сарфароз гардиданашон бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II самимона табрик менамоянд.
Ин мукофоти олии давлатӣ нишонаи қадршиносии хизматҳои арзанда ва саҳми муносиб дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ободониву созандагӣ ва татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бо роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи муҳтарам Давлаталӣ Саид солҳои охир дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар самти рушди соҳаи варзиш ва футболи вилоят, корҳои назаррас ба анҷом расида, барои варзишгарону футболбозон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
МУКОФОТИ ОЛИИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД, МУҲТАРАМ РАИС!

5August 28, 2026 105