Зодрӯз муборак бод, Алишер Тӯхтаев!
Мо ҳайати коллективи КФ "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода Шуморо ба муносибати зодрӯзатон самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри дароз, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти касбӣ муваффақиятҳои пайваста орзу менамоем.
Фаъолияти пурмасъулияти Шумо ҳамчун сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ» сазовори эҳтиром буда, аллакай дастоварду комёбиҳои назаррасро ба бор овардааст. Таҷриба, донишу малака ва садоқататон барои пешрафти даста аҳамияти калон дорад.
Орзумандем, ки ҳар як бозии ояндаатон бо пирӯзӣ, ҳар як мавсим бо дастовардҳои нав ва ҳар як қадами касбии шумо бо комёбиҳои арзанда ҳамроҳ бошад. Бигзор дар ҳаётатон ҳамеша неруи тоза, рӯҳияи қавӣ, дастгирии наздикон ва фатҳи қуллаҳои нав ҳамсафари Шумо бошад.
Зодрӯз муборак, Алишер Тӯхтаев!