FC Panjsher: post #2530 — TG.ME

ЭҲТИРОМ БА МУХЛИСИ ҶАВОН.
Туҳфаи махсуси роҳбарияти «Панҷшер» ба Билолҷони Хатлонӣ


Чанде пеш, қабл аз бозии дастаҳои «Панҷшер» ва «Моҳир», як рӯйдоди самимӣ ва хотирмон сурат гирифт. Мухлиси ашаддии тими «Панҷшер» Билолҷони Хатлонӣ, бо вуҷуди синни хурдаш, муҳаббату содоқати худро ба тими дӯстдоштааш нишон дода, ба дарвозабони даста тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуда буд.

Ин иқдоми самимии мухлиси ҷавон аз мадди назари роҳбарият ва аъзои тими «Панҷшер» дур намонд. Дар доираи бозии хонагӣ муқобили тими «Шодмон», роҳбарияти клуби футболи «Панҷшер» Ҳусейнзода Фаррухӣ ба Билолҷони Хатлонӣ дар фазои тантанавӣ тӯҳфаи махсус супорид.


Роҳбарияти КФ «Панҷшер» ба Билолҷон барои дастгирии ҳамешагӣ ва садоқаташ изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ дар қадамҳои аввалаш дар соҳаи блогерӣ комёбиву муваффақиятҳои назаррасро таманно намуд.

- Аз самими дил ба роҳбарият ва тамоми тими «Панҷшер» барои чунин эҳтиром ва тӯҳфаи арзишманд миннатдории худро изҳор мекунам. Ман ҳамеша бо дастаи дӯстдоштаам «Панҷшер» ҳастам.
❤4👍1
August 25, 2026 124