📢 Шарҳи раванди лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андоз ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ корҳои ташкилӣ ва техникии татбиқи лоиҳаи озмоиширо идома медиҳад.
🎯 Ҳадафи лоиҳа — содагардонии расмиёти андозбандӣ, коҳиш додани сарбории маъмурӣ, рақамикунонӣ ва таъмини шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо мебошад.
💻 Марҳилаи озмоишӣ. Аз моҳи сентябри соли 2026 платформаи рақамӣ ба муҳлати се моҳ дар муҳити техникии озмоишӣ мавриди истифода қарор мегирад.
🧪 Ин марҳила барои санҷиши фаъолияти низом, мубодилаи маълумот ва устувории ҳамгироӣ бо низомҳои дахлдор пешбинӣ шудааст.
📊 Пас аз анҷоми озмоиш натиҷаҳо арзёбӣ гардида, масъалаи гузариш ба татбиқи пурраи лоиҳа тибқи тартиби муқарраргардида ҳал карда мешавад.
Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/642372/



















