Оферта чист ва чаро пеш аз қабул кардани он бояд бодиққат шинос шуд?
Муносибатҳои байни мизоҷ ва ташкилоти молиявӣ, аз ҷумла бонкҳо, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ, ҳамеша дар асоси шартнома ба вуҷуд меоянд. Маҳз шартнома ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар ду ҷонибро муайян мекунад.
Дар баробари шартномаи дуҷониба, баъзе ташкилотҳои молиявӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳо аз офертаи оммавӣ низ истифода мебаранд.
Оферта чист?
Мутобиқи моддаи 502 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, оферта пешниҳоди ба як ё якчанд шахси мушаххас равонашуда мебошад, ки шартҳои асосии шартномаро дар бар гирифта, нияти пешниҳодкунандаро барои бастани шартнома ифода мекунад.
Ба ибораи сода, оферта ин пешниҳоди расмии ташкилоти молиявӣ барои бастани шартнома бо шартҳои муайян мебошад.
Офертаи оммавӣ чист?
Мутобиқи моддаи 503 Кодекси маданӣ, агар пешниҳод ба доираи васеи шахсон равона шуда, ҳамаи шартҳои муҳими шартномаро дар бар гирад ва ташкилот омода бошад бо ҳар шахсе, ки онро қабул мекунад, шартнома бандад, чунин пешниҳод офертаи оммавӣ ҳисобида мешавад.
Масалан, шартҳои кушодани пасандоз, гирифтани корти бонкӣ ё полиси суғурта, ки дар сомона ё филиали ташкилот ҷойгир шудаанд, метавонанд офертаи оммавӣ бошанд.
Аксепт чист?
Тибқи моддаи 504 Кодекси маданӣ, аксепт ҷавоби шахс дар бораи қабул кардани оферта мебошад. Аксепт бояд пурра ва бечунучаро бошад.
Қабули оферта метавонад бо роҳҳои гуногун сурат гирад, аз ҷумла:
- имзо кардани шартнома;
- пахш кардани тугмаи «Қабул мекунам» дар барномаи мобилӣ ё сомона;
- анҷом додани амалҳое, ки дар оферта пешбинӣ шудаанд, масалан, пардохти маблағ ё оғози истифодаи хизматрасонӣ.
Пеш аз қабул кардани оферта ҳатман ба ин нуктаҳо диққат диҳед:
• ҳаққи хизмат ва комиссияҳо;
• фоизҳо ва муҳлати иҷрои уҳдадориҳо;
• ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо;
• ҳолатҳои қатъ намудани шартнома;
• ҷарима ва дигар масъулиятҳо;
• шартҳо ва истисноҳо (барои хизматрасониҳои суғуртавӣ).
Дар хотир доред: имзо гузоштан ё пахш кардани тугмаи «Қабул мекунам» маънои онро дорад, ки шумо бо ҳамаи шартҳои оферта розӣ ҳастед. Аз ин рӯ, пеш аз қабул намудани он, ҳар як банди барои шумо муҳимро бодиққат хонед ва дар сурати мавҷуд будани саволҳо аз корманди ташкилоти молиявӣ маълумоти заруриро дархост намоед.