БАРОИ ХУДАМ
Соқии базми сағирон будаам чанде,
Низ дар базми вазирон будаам чанде;
Бод ҳам паймудаам чанде,
Бода ҳам паймудаам чанде,
То гулӯ ғарқидаам дар оби соғарҳо,
То гулӯ ғарқидаам дар истаконҳо.
Ҳар куҷо густурда пойандози ман аз мавҷи қарсак буд,
Ҳар куҷо густурда пойандози ман аз авҷи чак-чак буд;
Аз ҳазорон ёри хушгил бар сарам гулдаста меборид,
Аз ҳазорон хирмани гул бар сарам гулдаста меборид.
Ҳар куҷо дасти қаламрони ману таҳсину аҳсан буд,
Ҳар куҷое дасти ман дар дасти ошиқҳои ман буд,
Он қадар дасти маро бигрифта мардум мефушурданд,
К-оби дастам мечакид аз дасти мардум.
Дидаам ҷилди китобамро
Дар қироатхонаи Салмони Рушдӣ
(Гарчи безорам ман аз Салмони Рушдӣ)
Аз сигори дасти Нодирпур сигорамро
Кардаам равшан;
Будаам меҳмони Касроӣ Сиёвуш
(Вой! Вой! Умре арӯси шеър аз маргаш сияҳпӯш);
Соядаст аз Соя ҳам дорам
(Чой ҳам нӯшидаам бо ӯ,
Чойи сабзе, чойи хушбӯ).
Гӯри Саъдиро зиёрат кардаам бо бӯсаборон,
Гӯри Ҳофизро зиёрат кардаам бо бӯсаборон,
Сар фуруд овардаам дар марқади Бедил,
Гаштаам бо ҳарду зону гирди оромгоҳи Фирдавсӣ.
Гаштаам ними ҷаҳонро аз замину аз ҳавопаймо,
Аз Халиҷи Форс то Қутби Шимолӣ,
Аз Сибир то шаҳри Деҳлӣ
Бо ҳазорон баҳру дарё.
Кӯтаҳи гап,
Ҳарчи дидам, лек хурсандӣ надидам,
Ҳарчи пӯшидам, нафаҳмидам,
Ҳарчи нӯшидам, нафаҳмидам;
Ҳарчи кардам, лек хурсандӣ накардам,
Ҳар куҷо гаштам, дилам зиқ буд.
Ҳеҷ дарё, ҳеҷ дарёе
Доғи дерини ятимиро нашуст аз ман,
Ҳеҷ сӯҳон, ҳеҷ сӯҳоне
Зангу зангори ятимиро насуд аз ман.
Чашмаҳои оби чашми кӯдакӣ хушкид,
Оби чашми модар аз ёдам нарафт умре,
Рӯзу шабҳо гӯшаҳои докааш тар буд,
Нони дасту тикааш тар буд.
Осмони софи чашми модарамро ман надидам,
Абри чашми модарам афзунтар аз абри ҳаво буд;
Ашкҳои ӯ агар аз осмон мерехт,
Сангҳо нам мекашиданд.
Модари бечораи ман чанд фарзанди калон гум кард,
Ҳамсарашро бемаҳал гум кард
(Модарам чилсола буд он вақт);
Модари бечораам дар сӯги пайвандон
Рӯзҳои ҷумъа нони ҷумъагӣ медод,
Хатми Қуръон карда мебахшид...
Модарам акнун
Дар миёни панҷ фарзанди ҷавонмаргаш
Дар таги хок аст,
Теппаҳои гӯрашон гаҳвораро монад,
Дар миёни ин қадар гаҳвораи пок аст
(Аз сағиронаш наосуд,
Докае бар сар набаст аз мо,
Тикаи ноне напурсид;
Гар кафанворӣ намедошт,
Бекафан мерафт).
Модарам мурд,
Пеш аз он рӯзе, дод аз он -
Аз тамоми шоирони Тоҷикистон
Шоири зиндонӣ ман будам,
Дигарон буданд шоирҳои зиндонбон; -
Модарам мебуд, сатилҳо ашки сӯзон гиря мекард.
Модарам мурд
Пеш аз он рӯзе, ки ман гаштам муҳоҷир;
Модарам мебуд, сатилҳо ашки сӯзон гиря мекард.
Абарустод Бозор Собир
Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед