🌹16)- Шавҳар додани духтар зан додани писар.
Аз ҳуқуқҳои фарзандон бар падару модар ин оиладор кардани онҳо.
Расули Аллоҳ صلى الله عليه وسلم фармуданд:
(مَن وُلِد له ولدٌ، فليحسن اسمَه وأدبَه، فإذا بلغ فليزوِّجه، فإنْ بلَغ ولم يزوِّجه فأصاب إثمًا، فإنَّما إثمُه على أبيه)
رواه البيهقي في شعب الإيمان.
(Барои касе таваллуд шавад фарзанд пас номи нек гузорад бар у ва тарбия хуб кунад, вақте ба балоғат расад оиладор кунад ӯро, агар болиғ шавад ва ӯро оиладор накард пас гуноҳ кард, ҳароина гуноҳаш бар дӯши падараш аст.)
Инчунин аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят шудаст гуфтанд:
(مَن رزقه الله ولدًا، فليحسن اسمَه وتأديبه، فإذا بلغ فليزوِّجه)
النفقة على العيال لابن أبي الدنيا.
(Барои касе Аллоҳ фарзанд ато кард пас номи нек гузорад ва адабаш тияд, вақте ба балоғат расид оиладор кунад).
Инчунин аз Саъид ибн алАс ривоят аст гуфтанд:
(إذا علَّمتُ ولدي القرآن، وحجَّجتُه، وزوَّجتُه، فقد قضيتُ حقَّه، وبقي حقِّي عليه)
النفقة على العيال لابن أبي الدنيا.
(Вақте ман фарзандамро Қур'он омӯхтам, ва Ҳаҷ кунониндам ва оиладор кардам, ба таҳқиқ ҳақашро адо кардам, ва боқи мондааст ҳаққи ман бар ӯ)
Имом ибн Қудома гуфтанд:
(قال أصحابنا : وعلى الأب إعفاف ابنه إذا كانت عليه نفقته ، وكان محتاجا إلى إعفافه)
(المغني 8 / 172.)
(Асҳоби мо гуфтанд: бар падар воҷиб аст зан додани писар агар нафақаш бар гардани падар бошад, ва мӯҳтоҷ бошад дар зангири)
❗️Насиҳати банда барои Падарон Модарон ин аст ки барои фарзандони худ ҷуфтҳои муносиб ихтиёр кунанд аввалин сифатҳое ки бояд шарт гузошта шавад ин солеҳ будан ҳамон шахс диндору бо тақво буданаш! зеро ин сифатҳо агар пайдо шавад духтари шумо дар дасти шахси амонатдор меафтад Агар дӯсташ дорад иззату эҳтиром мекунад агар дӯсташ надорад зулмаш намекунад чигунаеки инро Имом Ҳасани алБасри гуфтанд.
❗️Як чизи дигарро мехоҳам ба падарон ва модарон бигуям:
Дар зан додан ва ба шавҳар додан фарзандони худро маҷбур насозед бар он касоне ки онҳо ихтиёр накарданд ғолибан ин рух медиҳад дар шавҳар доданӣ духтарони бокира! Ин ҳаққро падарон ва модарон надоранд!
Дар замони ҳазрати Паёмбар صلى الله عليه وسلم як духтари бокираи ҷавоне назди ҳазрати Оиша омаданд шикоят карда гуфтанд:
(إنَّ أبي زوَّجَني من ابن أخيه ليَرفَع بي خسيستَه، وأنا كارهة. فقالت: اجلسي حتى يأتي رسول الله صلى الله عليه وسلم، فجاء رسولُ الله فأخبرَته، فأرسل إلى أبيها، فدعاه، فجعل الأمرَ إليها، فقالت: يا رسولَ الله، قد أجزتُ ما صنع أبي ولكن أردتُ أن تعلَمَ النساءُ أنْ ليس للآباء من الأمر شيء).
رواه أحمد.
(Ҳамоно падарам маро ба шавҳари дод ба писараи бародараш то инки дур кунад пасти ӯро бо издивоҷ карданаш бо ман ва ман намехохам.
Ҳазрати Оиша гуфтанд: шинед то ки Расули Аллоҳ صلى الله عليه وسلم биёяд, пас Расули Аллоҳ омадаанд, Хабар дод ӯро- аз қисса-, Расули Аллоҳ фиристод ба суроғи падараш даъваташ кард, баъдан қазияро ба духтар супорид -яъне ихтиёр дод ё рози шавад ё рад кунад ин ҳаққи ту аст-, Пас ин духтар гуфтанд: Эй расули Аллоҳ ман иҷозат додам ба падарам бар чизе кардагиш ва лекин хостам ин ки бидонанд занҳо падарон дар ин кор ягон ҳаққе надоранд).
❗️Насиҳати дигаре барои хоҳарон ва хосстан барои бародарон ин аст ки чашмро ҷуқида худро фиреб дода зан нагиред дар ҳоле ки дар қалби шумо майл ба ҳамин духтар ё писар нест, зеро ингуна оиладор шудагиҳо дер нагузашта аз якдигар як навъи нафар пайдо мекунанд ба гузаштани як ду моҳ ин эҳсос пайдо мешавад мегӯяд чаро ман ҳамин занро гирифтам ва зан бошад чаро ман ба ҳамин мард шавҳар кардам зеро бад аз моҳи асал нафсияти инсон сер мешавад ва ба худ меояд ва мефаҳмад ки ин ихтиёри ақлан набудааст балки аз ҷиҳати нафс ва шаҳват будааст! Ва яке аз сабабҳои ҷудо шудан талоқ додан ҳамин аст, ман даъват надорам ба дӯстдошта гирифтан балки даъват дорам ба чени дилат бошад зеро никоҳ як моҳу ду моҳ нест шояд то охири умр якҷоя бошед шояд камтар аз ин лекин як моҳу ду моҳ нақша кашида зан нагиред ва ба эҳсосоти отифаи хоҳарон бози накунед аз Аллоҳ тарсед инҳо аз шумо фарқи замину осмон доранд бад аз ҷудои месӯзанд ва ба ҳама қисса карда оби чашм мерезанд ё ба худ куши даст мезананд!.
تم ولله الحمد.
Шаби Ҷумъаи 13 Ҷумадул аввал 1446ҳ.
✍🏻Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази
https://t.me/muvahhidalhijazi