Нармдил бошӣ латта мегӯянд. Сахтдаст бошӣ бемеҳру сангдил меҳисобанд.
Аз илм сухан гӯйӣ, амал кардан ҳам лозим мегӯянд. Амал кардан хоҳӣ, аввал хубтар омӯз мегӯянд.
Бидъатро тарк намоӣ туро ваҳҳобӣ медонанд, зикрро афзун намоӣ туро сӯфӣ мегӯянд.
Таъриф кардӣ маддоҳ, танқид кардӣ дилсиёҳ гӯянд.
Ҳақро гӯйӣ бемаврид шуморанд, андеша намоӣ тарсончак донанд.
Бой бошӣ аз ҳаром ёфт мегӯянд, камбағал бошӣ коргурез мехонанд.
Одамон ҳамин хел бародарон Онҳо хоҳу нохоҳ гап мезананд. Хоҳу нохоҳ осуда намегузоранд. Онҳо розӣ намешаванд. Ба онҳо аҳамият надеҳ! Ту барои ризоияти Офаридгор кӯшиш намо! Баҳои ҳақиқиро ба ту Ӯ мегузорад
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh





