ҶАЗОИ НОШУКРӢ
Зану шавҳар бо ҳам ҷанг карданд ва дар давоми ним соат ин ҷанг калон шуда рафт
- Рафтам ман . Дигар дар ин хона асло намеистам , пушти сарам бинад ин хонаро! - , гӯён зан , ҷангро давом медод.
Шавҳараш гуфт :
- Рав , баромада рав ! Аммо духтаратро ҳам бо худат гирифта бар .! Ба ман даркор нест вай .
Зан гуфт:
- Ман аз хонаи падарам фарзанд гирифта наовардем.
Худатон қатӣ мондан гирад .
Шавҳараш бошад мегуфт:
- Сарама гаранг накун ! Ба ман даркор не духтарат , бар гирифта .
Духтарчаи чаҳорсолаи онҳо , ин моҷарои падару модари худро аз гӯшае гирён дидаву шунида меистод . Аз ин гуфтугӯи бештар дар бораи ӯ баҳсу ҷанҷол шуда истода , якбора суханҳои самимии мураббияи худро ба ёд овард:
"Кошкӣ , ту барин духтарча медоштам. " Мураббияи ӯро
Солеҳа ном буд ва ин духтари хурдакакро хело меҳрубонӣ менамуду дӯст медошт, 5 - сол мешуд он мураббия оиладор буд , аммо фарзанддор нашуда буд .
Духтарча гирён- гирён худ ҷуробу курткаашро пӯшид ва аз дари хонаашон баромада ҷониби боғчае , ки ӯро очааш ҳар пагоҳӣ мебурд , равон шуд . Инро ппдару модараш пай набурданд . Зеро онҳо бо ҷангу муноқишаашон овора буданд .Ва чунин менамуд ,ки дигар ба фарзанди худ асло меҳру эътибор надоранд . Духтарча роҳравон , худ ба худ мегуфт : " Дигар ба хона намеравам , тамом . Бо
Солеҳа - апаам мемонам , ба ин хона намебиёям . Фақат шумоён дадаҷону очаҷонам ҷанг накунетон шуд " . Ӯ ба ҳеҷ кас даркор набуданашро худаш дарк карда буд . Бо ин гуна хаёлоти мағшуш ба роҳи мошингард баромаданашро худаш нафаҳмида монд ва ин замон Нексияи сафеде ҷонибаш бошаст меомад ... Дар як лаҳза... ..... духтарак ба хун олуда рӯи раҳ афтода монд.... " Мана , ман дигар нестам , ҷанг накунед дадаҷону очаи азиз , дигар нестам..." , ӯ охирин сухани худро гуфту хомӯш шуд .....
Атрофи духтарак мардуми зиёди роҳгузар ҷамъ шудаю лек касе ба асли воқеа сарфаҳм намерафт . Ногаҳон
Солеҳаи мураббия , ки ба кор мерафт , мардуми ҷамъомадаи сари роҳро дида , наздик рафта диду ..:
- Оҳ , духтаракам ! - , гӯён фарёди ҷонкоҳ баровард .
Ин падару модар ба неъмати бебаҳои додаи Аллоҳ таъоло ношукрӣ карданд , Ӯ худаш онро баргардонида гирифт ....
Шукри неъмат, неъматат афзун кунад ,
Куфри неъмат , аз кафат берун кунад .
Ҳаргиз ба фарзанд ношукрӣ накунед!!! Худованд аз дилу забони бандагонаш огоҳ аст . 🥲🥲
https://t.me/toji_sar