Шиками сер дарди гуруснаро намефаҳмад…
Неъмате, ки имрӯз дар даст дорем, танҳо барои роҳат ва серӣ нест. Он амонатест аз ҷониби Аллоҳ, то дарди ниёзмандро эҳсос кунем ва аз ҳоли гуруснагон бехабар намонем.
Бисёр вақт савора аз роҳ мегузарад, аммо ҳоли пиёдаро намебинад. Сер мехобад, аммо ҳамсояаш гурусна аст.
Пайғамбари гиромии мо ﷺ фармудаанд:
«Он кас муъмин нест, ки сер бихобад, дар ҳоле ки ҳамсояаш гурусна аст.»
Пас биёед неъматҳоро танҳо барои худ нигоҳ надорем. Аз он чи Аллоҳ ба мо ато кардааст, ба ниёзмандон низ сарф кунем.
Дуо мекунем, Аллоҳ моро аз зумраи бандагони шукргузор ва бахшанда қарор диҳад.🤲🏻