УСТОЗАҲОИ БЕҲТАРИНАМ!
Алҳамду лиллаҳ, ки мо дорем мадрасаи муваҳҳидаҳо,
Дарс аз Тавҳид медиҳанд ба мо беҳтарин устозаҳо.
Субҳ, ки дамид мебинам чатти устоза умми Хаттоб боз аст,
Ба худ мегуям ма шаа Аллоҳ, устозаҷонам шерзан аст.
Боз дигар устозаҷони меҳрубони ман Муфаккира,
Ба сабр даъват доранд маро мисли ҳамеша.
Мегӯянд эй хоҳарам ту аз ҳар касе хушбахттари,
Шукр гуй, ту ҳидоят ёфтӣ ва дар роҳи ҳақ ҳастӣ.
Вақте, ки рӯзи имтиҳон омад ман бесаброна интизор,
Устозаҷони беҳтарини содиқаамро бо чашми чор.
Мударрисаи шуҷоъи некхоҳи мо умми Асмоа,
Бо мавъизаҳои таъсирбахшашон, маҳфилорои моянд ҳамеша.
Ҳар гоҳ устозаҷонам умми Аҳмад гуянд хоҳарҷон,
Меафтам ба ёди он хоҳаронеки ҳастанд аз як хуну ҷон.
Ҳамин аст дустдорӣ, муволоти аҳли тавҳид,
Ки наздиканд ба якдигар ҳатто аз аҳлу байти худ.
Бо садои фораме умми Абубакр мекунанд қироъати Қуръон,
Дилҳои банда ором мешавад аз ҳар каломи хондаашон.
Дигар устозаҷонҳои мо умми Ҳайдар умми Абдуллоҳ,
Чунон хоксоранд мисли занҳои солеҳаи гузаштагони мо.
Ман ҳамеша ҳавас дорам ба устозаҷонам умми Заҳро,
Ки чи қадар дарку фаҳми хубе доранд ба ин дарсҳо.
Боз дорам хоҳари бо сабру зебое бо номи умми Иброҳим,
Хатое кардам гуянд, хайр аст ин шаа Аллоҳ ухтим.
Ҳаминки ЭЪЛОН омад бар гурӯҳҳои муваҳҳида
Мебинам, ки аз ҷониби ухтиҷони гулам Айша🌸
Огоҳи доранд хоҳаронро ки ба ин дарсҳо биёед,
Омӯзеду аз ҳар гумроҳи худро наҷот диҳед.
Ҳар вақте ки хоҳар Нозанин дарсе баён мекунанд,
Бо гӯш кардани он ҳамагон хуб лаззате мебаранд.
Рӯзе, ки дарси тақлид оғоз шуд бо устозаҷонам Сабри 2,
Чи басо панде гирифтем аз саволу ҷавобҳои пурмаънои ӯ.
Ухтиҷонам умми Мужда лафзи ширине дорад,
Беҳтарини хоҳарам, ҳамеша Аллоҳ ҳифзат кунад.
Гул ғунчаҳои боғи аҳли Тавҳид Муслимаву Сумаяи мо,
Мерасонанд дарсҳои тавҳидиро бо рус забонҳо.
Аллоҳ қабул гардонад ба даргоҳаш ин амалҳои онҳо,
Ки ҳамааш холисона ҳаст барои ризогии Холиқи якто.
Хуш ба ҳолатон эй хоҳарону устозаҳои муваҳҳидаи мо,
Содиқу устувор бимонед бо амал дар ин роҳ
Аз барои Аллоҳ дӯст дорам тамоми аҳли Тавҳидро,
Эй Робби мо дар Ҷаннатул Фирдавс якҷо шуданро насиб бинмо.
АЛЛОҲУМА АМИН Я РОББУЛ АЪЛАМИН.🤲🤲🤲
Ummu Ali ✍