ДАСТОВАРДИ НАВИ МАОРИФИ ТОҶИК: МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР IPhO 2026
Аз 4 то 12-уми июл дар шаҳри Букарамангаи Колимбиа сабқати бузурги илмӣ – Олимпиадаи байналмилалии физика-2026 (IPhO-2026) баргузор гардид. IPhO-2026 бештар аз 1000 нафар иштирокдор ва 400 нафар довталабро аз +90 кишвари ҷаҳон бо ҳам оварда, майдони фарохеро барои дӯстдорони илми физика боз намудааст.
Дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар ҳайати зерин:
• Мамуров Муҳаммадёсин;
• Қодиров Аъзам;
• Амиров Муҳаммадамин;
• Маюсупов Хусрав;
• Одинаев Рамзиддин бо роҳбарии Ҷамшеди Рустам ва Далер Пиров дар Олимпиада ширкат варзиданд.
Боиси хушнудист, ки хонандаи синфи 11-и Литсей интернати тоҷикӣ-русӣ ба номи «Ҳотам ва П.В.»-и шаҳри Душанбе Мамуров Муҳаммадёсин, дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 56-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз физика (IPhO 2026) сазовори медали биринҷӣ гардид.
Олимпиадаи мазкур соли 1967 ташкил ёфта, пас аз он ҳамасола бо ҳадафи дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои физикдон аз саросари ҷаҳон дар кишварҳои мухталиф баргузор карда мешавад. Довталабон дар ду бахш – амалӣ ва назариявӣ донишҳои худро санҷида, аз ҷониби беҳтарин мутахассисон баҳогузорӣ карда мешаванд. Қобили қайд аст, ки ҳайати Кумитаи тадорукотро ҷоизадорони ҷоизаи Нобел дар бахши физика - Серж Арош, Алберт Ферт, Анна Л'Юйе, Пйер Агостини, Ален Аспект ва Жерар Муру ҳамроҳӣ менамоянд, ки нуфузи Олимпиадаро боз ҳам баландтар мебардорад.
7
4
3July 18, 2026 1.5K 3