MJDRI: post #3037 — TG.ME

ХУШХАБАР! МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 58-УМИН ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХИМИЯ (IChO–2026)

Аз 10 то 19 июли соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 58-умин Олимпиадаи байналмилалии химия (IChO–2026) баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур яке аз бонуфузтарин ва сатҳи баландтарин сабқатҳои байналмилалӣ дар соҳаи химия ба шумор рафта, имсол беш аз 1000 нафар хонанда аз зиёда аз 90 кишвари ҷаҳон дар он иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада дастаи мунтахаб дар ҳайати:

Абдулло Бойзода – хонандаи синфи 10;
Батрутдинов Артём – хонандаи синфи 9;
Зиёев Баҳодур – хонандаи синфи 9;
Сатторзода Сабрина – хонандаи синфи 11,
бо роҳбарии омӯзгор Комилов Рустам намояндагӣ намуд.

Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Абдулло Бойзода, хонандаи синфи 10-и Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ ба номи «Ҳотам ва П.В.» дар шаҳри Ҳисор маҳорати баланди худро нишон дода, сазовори медали биринҷӣ гардид.

Ин дастоварди арзишманд боз як далели равшани сатҳи баланди омодагии хонандагони тоҷик буда, натиҷаи заҳмати пайвастаи онҳо, омӯзгорон ва таваҷҷуҳи давлат ба рушди ҳаракати олимпӣ мебошад.
👍15❤6🔥2
July 18, 2026 2K 5