САИДАЛИЗОДА МАДИНА - ҒОЛИБИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ»
Рӯзҳои 11-12 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи дарёфт намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускор, навовар, муайян ва дастгирӣ намудани онҳое, ки аз навигариҳои илму техникаи муосир хабар дошта, дар ин самт ҳаракат мекунанд, инчунин, баланд бардоштани сатҳи дониш, қобилияти фикрронӣ, маҳорату малакаҳои зеҳнӣ ва ҳозирҷавобии хонандагон даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид.
Тибқи талаботи Низомномаи Озмун дар даври чорум аз панҷ минтақаи ҷумҳуриявӣ 1 нафарӣ (5 нафар) иштирок намуданд.
Довталабон аз фанҳои забони тоҷикӣ/забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус/забони русӣ, физика ва математика кори хаттӣ ва аз фанҳои адабиёти тоҷик, биология, география, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, таърих, химия ва ҳуқуқ санҷиши тестӣ супориданд. Инчунин, аз ҷониби ҳайати доварон ҳисоботи эҷодии онҳо шунида шуд.
Тибқи баҳогузории ҳайати доварони даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Саидализода Мадина бо касби 94 хол ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Хонандаи сол» эълон гардид.
12
9
3June 15, 2026 2.9K 3