[٢٨٩] عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما قَالَ: «قَدْ أَصَابَ عُمَرُ أَرْضًا بِخَيْبَرَ. فَأَتَى النَّبِيَّ ﷺ يَسْتَأْمِرُهُ فِيهَا. فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، إنِّي أَصَبْتُ أَرْضًا بِخَيْبَرَ، لَمْ أُصِبْ مَالًا قَطُّ هُوَ أَنْفَسُ عِنْدِي مِنْهُ، فَمَا تَأْمُرُنِي بِهِ؟ فَقَالَ: إنْ شِئْتَ حَبَسْتَ أَصْلَهَا، وَتَصَدَّقْتَ بِهَا. قَالَ: فَتَصَدَّقَ بِهَا. غَيْرَ أَنَّهُ لا يُبَاعُ أَصْلُهَا، وَلا يُوهَبُ، وَلا يُورَثُ. قَالَ: فَتَصَدَّقَ عُمَرُ فِي الْفُقَرَاءِ، وَفِي الْقُرْبَى، وَفِي الرِّقَابِ، وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ، وَابْنِ السَّبِيلِ، وَالضَّيْفِ. لا جُنَاحَ عَلَى مَنْ وَلِيَهَا: أَنْ يَأْكُلَ مِنْهَا بِالْمَعْرُوفِ، أَوْ يُطْعِمَ صَدِيقًا، غَيْرَ مُتَمَوِّلٍ فِيهِ» .
• وَفِي لَفْظٍ: «غَيْرَ مُتَأَثِّلٍ» .
289. Аз Абдуллоҳ ибни Умар розияллоҳу анҳума ривоят аст, ки гуфт: «Умар розияллоҳу анҳу аз Ҳайбар заминеро соҳиб шуд ва ба назди Набий ﷺ омада оиди ин маслиҳат гирифт ва гуфт: «Эй Расули Аллоҳ, ман аз Ҳайбар чунон заминеро соҳиб шудам, ки ҳеҷ гоҳ молеро соҳиб нашудаам ки аз ӯ дида бароям арзишноктар бошад, пас ба ман чи маслиҳат медиҳед?». Росулуллоҳ ﷺ фармуданд: «Агар бихоҳи аслашро барои худ гирифта мон ва онро садақа кун». Гуфт: Пас Умар розияллоҳу анҳу онро садақа кард ба шарте, ки асли ӯ фурӯхта намешавад, ва мерос гузошта намешавад ва ҳадя карда намешавад. Ва Умар онро садақа мекунад ба фақирон, ба хешу наздикон, барои ғулом озод кардан, дар роҳи Аллоҳ, ба мусофир ва ба меҳмон. Ва ба касе, ки заминро ба ӯҳда гирад, ҳеҷ гуноҳе нест, ки аз он ба некӣ бихӯрад ё дӯсти худро бихӯронад. Лекин онро соҳиби карда, барои худ шахсӣ карда наметавонад».
Дар лафзӣ дигар: «Лекин соҳибмулк шуда наметавонад».
Бухорӣ 2737