🎉🎉🎉ИСТИҚБОЛ АЗ ИФТИХОРОФАРОН:
ПАЗИРОИИ ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ АЗ ФИЗИКА «IPhO-2026»
⏺Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, волидон ва хонандагон маросими истиқболи ғолибон ва иштирокдорони Олимпиадаи ҷаҳонии фанни физика «IPhO-2026» баргузор гардид.
🌍Қобили зикр аст, ки аз 4 то 12-уми июл дар шаҳри Букарамангаи Колумбия сабқати бузурги илмӣ — 56-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз физика (IPhO-2026) баргузор гардид. IPhO-2026 бештар аз 1000 нафар иштирокдор ва 400 нафар довталабонро аз зиёда аз +90 кишвари ҷаҳон бо ҳам оварда, майдони фарохеро барои дӯстдорони илми физика боз намудааст.
Боиси хушнудӣ аст, ки хонандаи синфи 11-и Литсей-интернати тоҷикӣ-русии ба номи «Ҳотам ва П.В.»-и шаҳри Душанбе — Мамуров Муҳаммадёсин, дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 56-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз физика (IPhO-2026) сазовори медали биринҷӣ 🥉 гардид.
Мавриди зикр аст, ки Олимпиадаи мазкур соли 1967 ташкил ёфта, пас аз он ҳамасола бо ҳадафи дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои физикдон аз саросари ҷаҳон дар кишварҳои мухталиф баргузор карда мешавад. Довталабон дар ду бахш — амалӣ ва назариявӣ донишҳои худро санҷида, аз ҷониби беҳтарин мутахассисон баҳогузорӣ карда мешаванд.
#хабар #олимпиада #IPhO2026
5
5
5
5
4
1
1July 15, 2026 2.1K 3