БУЗУРГТАРИН ҲАСРАТ: ВАҚТЕ ДАРК МЕКУНӢ, КИ БО БЕПАРВОИВУ ТАНБАЛӢ ЧӢ МАҚОМИ БАЛАНДЕРО АЗ ДАСТ ДОДӢ!
Аллоҳ ба инсон ихтиёр, вақт ва имкониятҳои зиёде додааст ва барои ҳар як инсон ҳам дар Ҷаннат ва ҳам дар Дӯзах ҷой омода кардааст. Аллоҳ ба ҳама фурсат додааст, то барои хушбахтӣ ва комёбии дунёву охирати худ кӯшиш кунад. Роҳи ягонаи наҷот дар охират ва роҳи дурусту саодатмандонаи зиндагӣ танҳо дар Каломи Аллоҳ — Қуръони Карим аст.
Баъзеҳо бо мадади Аллоҳ ва кӯшишу омӯзиши Қуръон соҳиби Ҷаннат мешаванд, аммо дигарон бо танбалӣ ва ба фардо гузоштани кору омӯзиш ҷойи худро дар Ҷаннат аз даст медиҳанд. Дар охират, вақте он мақоми баланди бойдодаашонро мебинанд, дучори ҳасрат ва пушаймонии сахт мегарданд.
Паёмбари Аллоҳ ﷺ ин ҳақиқат ва манзараи ҳасратовари охиратро чунин баён мекунанд:
لَا يَدْخُلُ أَحَدٌ الْجَنَّةَ إِلَّا أُرِيَ مَقْعЕДَهُ مِنَ النَّارِ لَوْ أَسَاءَ، لِيَزْدَادَ شُكْرًا، وَلَا يَدْخُلُ النَّارَ أَحَدٌ إِلَّا أُرِيَ مَقْعَدَهُ مِنَ الْجَنَّةِ لَوْ أَحْسَنَ، لِيَكُونَ عَلَيْهِ حَسْرَةً»
Ҳеҷ кас вориди Ҷаннат намешавад, магар ин ки аввал ҷову мақомаш дар Дӯзах (ки агар гуноҳу бадӣ мекард, ба он ҷо мерафт) ба ӯ нишон дода мешавад, то шукргузориаш бештар гардад. Ва ҳеҷ кас вориди Дӯзах намешавад, магар ин ки аввал ҷову мақомаш дар Ҷаннат (ки агар некӣ ва аъмоли солеҳ мекард, ба он ҷо мерасид) ба ӯ нишон дода мешавад, то барои ӯ сабаби ҳасрату пушаймонии бузург гардад!» (Саҳиҳи Бухорӣ-6563)
Вақте инсон аз танбалӣ омӯхтани Қуръонро ба фардо мегузорад, намефаҳмад, ки вақт чӣ хел зуд мегузарад ва аҷал ногаҳон меояд. Дар охират, вақте мебинад, ки бо беаҳамиятии худ чӣ ҷойи баланду зеборо дар Ҷаннат аз даст додааст, чунон сахт пушаймон мешавад, ки ин ҳасрат аз ҳама азобҳо аламноктар аст ва дигар ҳеҷ роҳи баргаштан ба дунёву ислоҳ кардани хато вуҷуд надорад!
Барои он ки фардо дучори ҳасрату пушаймонии бефоида нашавед, ҳамин имрӯз, ки вақт дорем, ба Академия пайваст шуда, омӯзиши Қуръонро оғоз кунед!