Бидуни шак, як рӯзе, дар як дақиқае, дар фурсати муносибу номуносибе, дар ягон лаҳзаи гуворову ногуворое моро марг аз ҳам ҷудо хоҳад кард. Ин ҳақиқатест, ки аз он гурехта намешавад, ҳарчанд қалбамон намехоҳад ба он бовар кунад. Мо ҳама мусофирем: мо ба ин дунё тасодуфан омадем ва тасодуфан меравем. Аммо то он рӯз, то он лаҳзаҳои охирине, ки нафас аз сина берун меравад, мо ҳақ дорем зиндагӣ кунем, дӯст дорем, қадр кунем.
Чаро мо аксар вақт дер мефаҳмем? Чаро вақте шикаста мешавем, мефаҳмем, ки дӯст доштан осонтар аз кина гирифтан буд? Чаро вақте касеро гум мекунем ва ӯ дигар дар байни мо нест, арзишашро дарк мекунем? Гӯё зиндагӣ моро доимо имтиҳон мекунад: кӣ қадр кард, кӣ нодида гирифт, кӣ бо як калима дил шикаст, кӣ бо як нигоҳ дил сохт...
То ҳастем, ба қадри ҳам бирасем. Ба қадри падару модар, ки ҳар нафасашон дуост. Ба қадри дӯст, ки дар сукут ҳам туро мефаҳмад. Ба қадри ҳамсар, ки бо ту сангинии рӯзгорро мекашад. Ба қадри инсонҳое, ки бе даъво, бе манфиат дар паҳлӯи ту истодаанд. Инҳо ганҷанд - ганҷе, ки баъд аз рафтанашон дигар барнамегардад.
Зиндагӣ фурсат аст, на кафолат. Имрӯз ҳаст, фардо шояд не. Пас бигӯ он суханеро, ки дер боз дар дил нигоҳ доштаӣ. Бибахш, агар бахшидан мумкин бошад. Оғӯш кун, агар фурсат ҳаст. Табассум кун, ҳатто агар дили хаста дошта бошӣ. Зеро мумкин аст пагоҳ дер шавад.
Марг моро ҷудо хоҳад кард, ки ин ҳақиқат басо талху воқеан мутлақ аст...
Аммо пеш аз он, биёед зиндагиро аз кина холӣ кунем, дилҳоро аз ғурур пок созем ва хотираҳое бисозем, ки ҳатто баъд аз рафтанамон зинда монанд. Чун инсон бо нафас не, бо хотираҳо зинда мемонад.
То ҳастем - дӯст дорем.
То ҳастем - қадр кунем.
То ҳастем - инсон бошем.
Зеро баъд… танҳо ёд мемонад. Ёдҳое, ки гоҳ бо ашк меоянду гоҳо бо табассуме талх…