140 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар метрополитени Маскав боздошт шуданд
Пулис дар яке аз истгоҳҳои метрополитени Маскав санҷиш гузаронида, тақрибан 140 шаҳрванди хориҷиро, ки қоидаҳои будубош дар кишварро вайрон кардаанд, муайян кард. Ҳамаи ин афрод дар феҳристи шахсони зери назорат буданд. Қоидавайронкунандагон дар тӯли чанд соат ошкор шуданд. Таҷҳизоти махсус ба пулис дар ҷустуҷӯ кумак карданд. Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати ВКД ФР хабар медиҳад. Ҳамаи боздоштшудагон ба шӯъбаҳои пулис интиқол дода шуданд. Нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ҷарима ситонида шуд. Акнун онҳоро аз Россия бо манъи вуруди минбаъда ихроҷ мекунанд.
Барои ҷустуҷӯи қонунвайронкунандагон пулис аз системаи махсус истифода мебарад. Он дар иншооти нақлиётӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ кор мекунад. Ин система барои пайдо кардани қонунвайронкунандагон дар метрополитен, фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва бандарҳои дарёӣ кӯмак мекунад.
Ба @migrant_mobile обуна шавед




