|Дар ман чизҳои зиёде ҳаст, ки мехоҳам бигӯям. Аммо ҳамаи ин хеле бузург аст. Ман калимаҳо намеёбам, наметавонам он чиро, ки дар дарунам аст, баён кунам. Баъзан ба назарам чунин мерасад, ки тамоми олам, тамоми ҳаёт, ҳама чиз дар олам дар ман маскан гирифтааст ва талаб мекунад: овози мо бош. Ман эҳсос мекунам, оҳ, намедонам чӣ тавр фаҳмонам... Ман эҳсос мекунам, ки ин чӣ қадар бузург аст, вале вақте ки сухан меронам, гӯё кӯдаки навомӯз мешавам. Чӣ қадар вазифаи душвор аст - эҳсосот, ҳиссиётро бо чунин калимаҳо, дар коғаз ё бо овози баланд тавре баён кардан, ки хонанда ё шунаванда ҳамон чизеро эҳсос кунад, ки ту эҳсос мекунӣ.
January 27, 2025 2.9K 4