[٥٣٦] حدثنا محمد بن يحيى، قال: سمعت إسحاق بن إبراهيم يقول: قيل لأبي حنيفة حديث علي بن أبي طالب : « الوضوء نصف الإيمان »
فقال : (....) حسن من هذا
قلت لإسحاق : من يحكيه عن أبي حنيفة؟
قال: الشيباني
536. Ба мо Муҳаммад ибн Яҳё гуфт: Ман Исҳоқ ибн Иброҳимро шунидам, ки мегуфт: Ба абу Ҳанифа ҳадиси Алий ибн Абу Толиб розияллоҳу анҳу гуфта шуд: «Таҳорат нисфи имон аст».
Пас гуфт: (... аз ин дида хуб аст).
Ба Исҳоқ гуфтам: «Инро ки аз абу Ҳанифа ривоят кардааст?
Гуфт: «Аш-Шайбоний».
__
Муҳаммад ибн Наср ал-Марвазӣ дар китоби таъзими қадрус-солат (438-442) гуфт: Ман Исҳоқро шунидам, ки мегуфт: Яҳё ибн Одам гуфт: Ба абу Ҳанифа ҳадиси Набий ﷺ гуфта шуд: «Таҳорат нисфи имон аст», пас абу Ҳанифа гуфт: Бигзор ду маротиба таҳорат кунад, то имонаш пурра шавад.
Исҳоқ гуфт: Яҳё ибн Одам гуфт: «Таҳорат нисфи имон аст», яъне нисфи намоз аст. Чунки Аллоҳ таъоло намозро имон номид ва мефармояд: «Ва Аллоҳ имони шуморо зоеъ намекунад». (Бақара/143), яъне намозатонро.
Набий ﷺ гуфтанд: «Намоз қабул карда намешавад, магар бо таҳорат». Пас таҳорат нисфи имон аст, ба ин маъно ки намоз комил намешавад, магар бо таҳорат.
Абу Абдуллоҳ гуфт: Исҳоқ гуфт: Яҳё ибн Одам гуфт: Ба абу Ҳанифа гуфта шуд: Касе бигӯяд, ки «намедонам» нисфи илм аст, пас абу Ҳанифа гуфт: Бигзор ду маротиба «намедонам» бигӯяд, то ки илмаш комил шавад.
Яҳё гуфт: Тафсири қавли ӯ: «Намедонам» - нисфи илм аст, чунки вақте, ки мегӯӣ: «Ман медонам ва ман намедонам», пас якеи ин сухан нисфи дигариаш аст.