Хоксорӣ
Хоксорӣ ҳамаро аз худ боло дидан аст. Хоксорӣ сарро хам кардан нест. Барои нафареро хоксор гуфтан, имконияти доштаашро низ бояд ба инобат гирифт. Баъзан нафаре бо доштани сарвати зиёде, хоксориро ҳам рафиқи худ гардонидааст. Аммо мутаассифона нафаре ҳам боз ёфт мешавад, ки бо надоштани на илму на дороӣ, боз хоксориро тарк кардаасту бо кибр қадам мемонад. Инсонро дороӣ воло намегардонад, балки эҳсону хоксорияш ба мартабаи боло мерасонад. Қорунро новобаста аз доро буданаш, ба некӣ ёд намекунанд. Пас, маълум мешавад, ки дороӣ бо хоксорию хайр ҳамроҳ нашавад, дар он ба ҷуз хусрон чизи дигаре нест. Инсон чӣ қадар доро бошад ҳам, назди фақир чун нодоре рафтор бояд кунад, ки нишонаи хоксорист.
Хоксорӣ на танҳо бо доштани молу мулк арзёбӣ мегардад, ҳамзамон дар илму маърифат ва шуғл низ бараъло дида мешавад. Нафаре бо хондани як -ду китоб тамоми аҳли илми гузаштаашро бо нодонӣ айбдор мекунад. Худситоӣ ва худро олим донистану ғурур кардан, сифати шайтон аст. Кибр сабаби ронда шудан шайтон аз ҷаннат шудааст.
Ва ҳамзамон боз бузургоне бо навиштани садҳо китоб, худашонро хоки пеши пойи бузургони гузаштаашон медонанд, чун хоксориро пеша кардаанду боз ҳам волотар гардидаанд.
Хатоии хешро иқрор шудан ҳам, аз хоксории шахс далолат мекунад. Аммо манманӣ ифодакунандаи кибру худситоӣ аст. касеро, ки кибру ғурураш ҳамарӯза зиёд мегардад, сарпарасташ шайтон аст.
Фикру мулоҳизаи дигареро бидуни таҳлил гӯш накардану рад кардан ҳам, аз ғурур аст, ки заҳри хоксорӣ мебошад. Кибр сангест дар миён, ки намегузорад дар об шино кунему дар ҳаво, парвоз. Баъзе нафарон аз тарсашон ғурур карда наметавонанд, аммо мо онҳоро хоксор мепиндорем.
Аслат аз қатра манӣ лоиқи ту нест манӣ,
Аз раҳи бавл шудӣ, кибру маниҳо чӣ кунӣ. (Ҷунунӣ)
Фурӯтанӣ (хоксорӣ) бузургии шахсро инъикос мекунад. Худаш ҳам сукут кунад, асолаташ сухан меронад. Барои намуна;
Ахлоқу хоксории ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) қабл аз сафари Умар (р.а.) ба Макка:
- Эй бародарам Умар (р.а.)! Ту макони муқаддас (зиёрати Каъба) меравӣ, дар ҳаққи мо ҳам дуо бикун.
Яъне, дар кадом мавқеияте набошем, аз худамон набояд розӣ бошем, хоксориро пеша гирем. Ҳар доим хешро бояд муҳтоҷи раҳмати илоҳӣ бидонем.
Ҳар касе ба дидани айби худ машғул аст, пас ӯ хоксор аст. бузурге фармудааст:
Дона то дар хок наафтад, кай ба боло қад кашад?
Қадри одам баланд, аз хоксорӣ мешавад.
Инсон дороии молу мулк ва донишмандиро аз лутфи илоҳӣ бояд донад, вагарна кибр иҳотааш хоҳад кард.
Ҳар нафаре, ки худашро боло медонад, залил мегардад. Ва ҳар касе, ки шукргузорӣ мекунаду хоксорӣ пеша дорад, дар назди Офаридгор (ҷ.ҷ.) ва мардум мақомеро соҳиб мешавад.
Албатта ки фақир низ набояд худашро назди дорое қоматшикаста нишон диҳад. Фақир ҳам бояд дар худ шарафу иззату ҳайсият дошта бошад.
Ҳамзамон шахси дорову тануманд низ, дар муқобили фақиру нотавон хоксориро пеша кунад, то баракати зиндагияш афзун гардад. Вагарна кибр фаровониро дар ҳаёташ маҳдуд месозад.
Албатта дар баъзе мавридҳо, аз ҷумла дар вақти адои роҳбарӣ бовиқор будан маънои такаббурӣ нест. Ҷиддият дар кор баракат ба бор меорад. Аммо роҳбар дар хона барои мусофир хидматгоре беш нест, зеро меҳмон ҳар доим воло аст.
Хоксории барзиёд ба зиллат мебарад ва бовиқории бемаврид бошад, ба кибр мерасонад. Ғуруру виқор ва хоксорию ҷиддиятро бояд дуруст дарк кард.
Чӣ гуна, ки дар вақти дороӣ ва вазифадорият миёнамон фосила медонистӣ, хоҳишмандам замони муфлисӣ ва барканорият низ ҳамон рафтору кирдору фаҳмишатро идома деҳ. Чун хоксорӣ ва меҳру рафоқат ҳангоми тавонгарӣ арзиш дорад, на дар сарозерӣ.
Cубҳон Қурбонзода
Дипломат, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
https://www.facebook.com/khudobakhsh