#2228 САҲЕҲ БУХОРӢ
| ҲАДИСИ ҚАБЛӢ | ҲАДИСИ БАЪДӢ
➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️
✍️🏻Ва аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: (Ҳадиси шафоат ба ривояти Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) қаблан гузашт ва дар ин ривоят дар охири он ҳадис омадааст, ки).
📜Назди Исо (ъалайҳисаллам) меоянд ва ў мегуяд: Ман аҳли шафоат нестам, назди Муҳаммад (ﷺ) биравед. Онҳо назди ман меоянд, ман мегӯям, ки ман аҳли он ҳастам ва аз Парвардигорам иҷоза мегирам. Ва бароям иҷоза дода мешавад ва (Аллоҳи мутаъол) барои ман ҳамду саноеро илҳом мекунад, ки бо он ҳамду санояшро бигуям ва акнун ба хотирам нест. Ва ба он ҳамду сано ҳамдашро мегӯям ва барояш ба сачда меафтам, гуфта мешавад: Эй Муҳаммад! Саратро боло кун! Бигу, суханат шунида мешавад. Бихоҳ, бароят дода мешавад, шафоат кун, шафоатат қабул мегардад. Ва ман мегӯям: Парвардигоро! Уммати ман, уммати ман. Гуфта мешавад: Бирав ва касеро, ки дар қалбаш заррае аз имон вуҷуд доштааст, аз (дӯзах) берун ор. Ман меравам ва чунин мекунам. Боз бармегардам ва ба ҳамон ҳамду сано ҳамди Аллоҳи мутаъолро мегӯям ва барояш ба саҷда меафтам, боз гуфта мешавад: Эй Муҳаммад, саратро боло кун! Бигӯ, суханат шунида мешавад, бихоҳ, бароят дода мешавад, шафоат кун, шафоатат қабул мегардад. Ва ман мегӯям: Парвардигоро, уммати ман, уммати ман. Гуфта мешавад: Бирав ва касеро, ки дар қалбаш заррае аз имон вуҷуд доштааст, аз дӯзах берун ор. Ман меравам ва чунин мекунам.Боз бармегардам ва ба ҳамон ҳамду сано ҳамди Аллоҳи мутаъолро мегӯям ва барояш ба саҷда меафтам, боз гуфта мешавад: Эй Муҳаммад! Саратро боло кун, бигӯ, суханат шунида мешавад, бихоҳ, бароят дода мешавад, шафоат кун, шафоатат қабул мегардад. Ва ман мегӯям: Парвардигоро! Уммати ман, уммати ман. Гуфта мешавад: Бирав ва касеро, ки дар қалбаш камтарин андозае аз имон вуҷуд дорад, аз дузах берун ор. Ман меравам ва чунин мекунам."
➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️
▶️ҲАДИС АРАБИ + ШАРҲ
➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️➖️
◀️ОҒОЗИ КИТОБИ ТАВҲИД (ВА РАД БАР ҶАҲМИЯ ВА ҒАЙРИ ОНҲО)
📗ИНТИХОБИ КИТОБИ ДИГАР