Hadafi Islom™|هدف الإسلام |: post #2973 — TG.ME

.Нишонаи дурӣ аз ҳақ он аст, ки инсон ба ҷойи тавба ва ислоҳи худ, айби гӯяндаро ҷӯяд ва барои сафед нишон додани худ дар назди мардум баҳона оварад. Аммо бандаи мухлис, вақте насиҳат мешунавад, худро сафед намекунад, балки ба нафси худ назар мекунад ва дар пайи ислоҳи он мешавад, на аз ҷумлаи касоне бошад, ки оятҳо ва ҳадисҳоро барои ҳимояи куфр ва ширки худ бо тадлис ва таҳриф истифода мебаранд ва далелҳои шаръиро мувофиқи ҳавои нафси худ мегардонанд.

Имом аз-Заҳабӣ раҳимаҳуллоҳ фармудааст:

«Нишонаи инсони мухлис ва ихлосманд он аст, ки вақте ӯро танбеҳ ё насиҳат мекунанд, худро сафед намекунад ва баҳона намеҷӯяд, балки хатои худро эътироф мекунад ва мегӯяд: “Аллоҳ раҳмат кунад касеро, ки айбҳо ва нуқсонҳои маро ба ман нишон дод.”»

📚«Сияр аълом ан-нубало», ҷилди 7, саҳ. 393.

Пас хушо ба ҳоли касе, ки ҳақро, гарчи бар зарари нафси ӯ бошад ҳам, мепазирад ва аз насиҳат барои ислоҳи худ баҳра мебарад. Аллоҳ ҳамаи моро аз аҳли ихлос, тавба ва пазируфтани ҳақ гардонад.
Амин.
August 14, 2026 166 3