Раҳмат
Писари калониам сеюним сола аст. Ҳар рӯз аз панҷ то даҳ бор бо телефони бибиаш занг мезанад. Одатан, суҳбатҳои телефонии мо якранганд.
- Ассалом, додо! Созед, нағзед? - мегӯяд баробари гӯширо бардоштан.
- Салом, бачам! Созам, ту чӣ хел? - мегӯям дар ҷавоб.
- Манам созам. А куҷоед? - мепурсад.
- Дар кор, - кӯтоҳ посух медиҳам.
- Чӣ кор мекунед а кор? - боз мепурсад.
- Китоб менависам, - мегӯям.
- Ааа, майлаш, барори кор! - мегӯяду телефонро хомӯш мекунад.
Аммо имрӯз пас аз суҳбати маъмулӣ ва такроршавандаамон, ногаҳон пурсид:
- Додо, чӣ хел китоб менависед?
- Дар бораи раҳмат гуфтан китоб менависам, бачам, - аз саволи иловагиаш ҳайрон шуда, посух додам.
- Раҳмат барои китоб, додо. Майлаш, барори кор, - гуфту телефонро хомӯш кард.
Ҳ. Тоҳирӣ






