Модарнома
Ба гармӣ ғунчаеро менавозад, мисли фарзандаш,
Ки аз меҳру тароват офарид ӯро Худовандаш.
Ҳавои хона покизааст дар ин шаҳри олуда,
Ҳавои хонаро покиза карда дуди испандаш.
Кабӯтарҳое зи нах ҷон гирифта бо гиреҳҳояш,
Гилиме бофта аз осмон — дасти ҳунармандаш.
Худоё, кош модар бехабар аз дардҳоям буд,
Ки бо ҳар воқеаи талх боло меравад қандаш.
Дубора панҷара яхбаста, мекӯбад ба дар тӯфон,
Хазон пушти дар асту ҳамчунон сабз аст лабхандаш.
Садоқатро нишон додааст аз ойинаҳо беҳтар,
Ки қавлаш қавлу ҳарфаш ҳарфу савганд аст савгандаш.
Гузашт аз иштибоҳотам, шабеҳи ҷӯйбор аз санг,
Агар гоҳе набуд ахлоқу рафторам хушояндаш.
Ба ман гуфта: «Мабодо марг бедорат кунад аз хоб!»
Ба ёди чашми хоболуди ман мондааст ин пандаш.
(Шаҳоби Меҳрӣ)
https://t.me/gazaltj


