ПАНҶ ҲИКОЯТИ ЗЕБО АЗ “КАШКУЛ”-И ШАЙХ БАҲОӢ
Дар Бағдод марде буд, ки қарзи бисёр дар ӯҳда дошту муфлис гашта буд. Қозӣ дастур дод, то ӯро бар астаре нишонда дар шаҳр бигардонанд, то мардум ӯро шинохта ва аз муомала бо вай бипарҳезанд ва ба ӯ қарзе ҳам надиҳанд. Вайро дар шаҳр гардонда ва ба дари хонааш оварданд. Ҳангоми фурудаш аз астар соҳиби астар аз ӯ кироя талаб кард. Марди муфлис гуфт:
– Эй аблаҳ, пас аз субҳ то кунун ба чӣ кор будӣ?
* * *
Аз Ибни Аббос ривоят шуда, ки паёмбар акрам (с.ъ.в.с.) ангуштарб аз тилоро дар ангушти марде дид. Онро аз ангушти ӯ дароварда ва дур андохту фармуд: Ҳар кӣ оташи ҷаҳимро хоҳад, чунин ангуштариро ба ангушт кунад! Ҳазрат, ки ташриф бурданд, соҳиби ангуштариро гуфтанд:
– Ангуштари худро бардор, то шояд нафъе аз он ба ту бирасад.
Гуфт:
– Ман дар чизе, ки расули Худо (ҷ.ҷ.) дур андохта бошад, нафъе намебинам.
* * *
Халифаи саввум (Ҳазрати Усмон разийАллоҳ) яке аз ғуломони худро бо кисаи нақде барои Абузари Ғаффорӣ фиристод ва ба ғулом гуфт:
– Агар коре кардӣ, то Абузар нақди туро қабул кунад, туро озод мекунам.
Ғулом кисаро бурд, вале бо вуҷуди исрори зиёд ҷаноби Абузар аз қабули он имтиноъ намуд. Ғулом ба Абузар гуфт:
– Кисаро бипазир, ки агар чунин кунӣ, озодии ман дар он аст.
Абузар посух дод:
– Оре! Лекин дар қабули он бандагии ман аст!
* * *
Ривоят аст, ки яке аз донишмандони Банӣ Исроил дар ҳангоми дуо мегуфт:
– Чӣ бисёр гуноҳ кардаму Ту уқубатам накардӣ!
Худованд бар расуле, ки он замон буда ваҳй нозил фармуд, ки ба ӯ бигӯ: Чӣ бисёр уқубатат кардам ва ту надонистӣ: оё ширинии муноҷотамро аз ту нагирифтам!?
* * *
Нақл аст: Ҳорунаррашид ба Фазил бинни Аёз гуфт:
– Аҷаб аз зуҳди ту, ки дигареро ба ин мартаба сурати имкон нест!
Фазил дар ҷавоб гуфт:
– Зуҳди ту аз ман бештар аст, чаро ки ман аз дунёи фонӣ гузаштам ва ту аз олами боқӣ гузаштаӣ!
* * *