Бо арзи салом ва дуруди бепоён бо Камоли адаб эхтиром ва самимияти хос шуморо бо фарорасии Сайиди Рамазон иди Муқаддаси мусулмонон, ки иди садоқат, покию равшани, сулҳу неки, айёми Хаҷҷи Акбар ва рамзи муҳаббати беинтиҳо бар Худованд мебошад ва намунаи олии онро Пайёмбар Иброҳими Халилуллоҳ нишон додааст аз самими қалб табрику муборакбод мегуям! Худованд тамоми роҳоятонро ҳамвор созад ва монанди сипаре аз Шумо муҳофизат намояд. Чатри муҳаббаташро ҳамаҷо болои саратон қарор диҳад ва борони раҳматашро дар саҳрои қалбатон боронад. Хуршеди меҳрубониаш гармбахши рузҳои сардатон бошад, қадамҳоятонро дар роҳи худаш устувор гардонад ва қалбатонро оромиш бахшад, рузгоратонро аз хуши пур кунад, ғам ва нигарониро аз қалбатон ва зиндагониятон берун кунад, саломатии ҷисму руҳро ато фармояд. Чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва суфраатон ҳамеша рангин бошад ва саодатмандии ҳарду оламро насибатон гардонад! Бароятон умри дарози бехазон ,Саломати бардавом ,икболи баланду хушбахти човидонро тамано дорам,Бигузор доимо саодатманду ,неруманду ва толебаланду фархманд бошед
ОМИН Ё РАЪБИЛ ОЛЛАМИН.
Бори дигар идато муборак
Салом гуям саҳаргоҳ аз дилу ҷон,
Ба ҳар як мардуми муссалмон.
Муборак бод намоем ҳамдигарро,
Ба ин рузи Саид, бо иди Рамазон
Forwarded from💕️لا اله الا الله🌹🌹محمد رسول الله💕
March 20, 2026 119