РОНАЛДУ МЕТАВОНАД ТО 6 МОҲ МАҲРУМ ШАВАД 🇵🇹 Ҳамлагари тими миллии… — Tobe1 — TG.ME

🚨 РОНАЛДУ МЕТАВОНАД ТО 6 МОҲ МАҲРУМ ШАВАД 🇵🇹 Ҳамлагари тими миллии Португалия Криштиану Роналду барои худсарона тарк кардани урдугоҳи мунтахаб метавонад аз иштирок дар бозиҳо ба муҳлати аз 1 то 6 моҳ маҳрум шавад. Дар ин бора A Bola хабар медиҳад. 📋 Тибқи низомномаи интизомии Федератсияи футболи Португалия, футболбозе, ки пас аз даъвати расмӣ бидуни сабаби узрнок урдугоҳи тими миллиро тарк мекунад ё дар тамрин ва бозиҳо ҳозир намешавад, метавонад ҷазои интизомӣ гирад. 💰 Илова бар ин, ба футболбози касбӣ метавонад аз 500 то 1000 евро ҷарима таъин шавад. Қаблан Роналду тамрини тими миллиро тарк карда буд. Сармураббии мунтахаб Жорже Жезуш изҳор дошт, ки миёни ӯ ва футболбоз ҳеҷ ихтилофе вуҷуд надорад. 🇵🇹 Худи Роналду баъдан қарори худро шарҳ дод. Ҳамзамон, як қатор расонаҳои португалӣ хабар доданд, ки футболбоз эҳтимол дорад фаъолияти худро дар ҳайати тими миллии Португалия ба анҷом расонад.

1 октября 2026 г. 46