Нури Ҳаёт 🌿: post #4733 — TG.ME

💪 Медонед, қувваи ҳақиқӣ дар куҷост?

На дар қувваи ҷисмонӣ (мушакҳо), балки дар хислат ва ирода аст. Қувваи ҷисмонӣ бошад, фақат як илова ба он аст.

Ба ин мисол нигоҳ кунед: якчанд "качокҳо" (бодибилдерҳо) хостанд худнамоӣ кунанд ва нишон диҳанд, ки тела додани аробаи пур аз халтаҳои семент барояшон ҳеҷ гап нест. 🛒🧱

Аммо онҳо натавонистанд! Лекин як коргари оддӣ тавонист. На барои он ки ӯ зӯртар аст, балки барои он ки бо сабру тоқат ва иродааш ин корро чунон устокорона (техникӣ) ёд гирифтааст, ки он ду кас тамоман ҳайрон монданд, ки ӯ чӣ хел ин корро кард. 🤷‍♂️

📖 Каломи Худо ҳам моро ба ҳамин хел устуворӣ ва сабру тоқат ёд медиҳад. Ин чиз ба мо дар ҳаёт на барои он лозим аст, ки рафта ҳамин хел корҳоро кунем, балки барои он лозим аст, ки бо характери сахту иродаи қавӣ ҳамаи душвориҳои дар роҳамон пайдошударо ғалаба кунем (Румиён 8:37)!

👇 Шумо чӣ фикр мекунед, дар зиндагӣ қувваи ҷисмонӣ муҳимтар аст ё иродаи мустаҳкам? Дар комментарий нависед!
👍53❤20🙏19👀12👏7🔥6
August 27, 2026 386