Нури Ҳаёт 🌿: post #4728 — TG.ME

🕊 Се рӯзи хомӯшие, ки дунёро тағйир дод...

Мо ҳамеша фикр мекардем, ки Иброҳим як кӯдаки хурдсолро барои қурбонӣ ба кӯҳ мебарад. Аммо ҳақиқати ин қисса тамоман дигар аст! 😱

Исъҳоқ он вақт кӯдак набуд. Ӯ марди ҷавону боқуввати 37-сола буд, падараш бошад — мӯйсафеди пир.

🪵 Исъҳоқ ҳезумро худаш ба кӯҳ баровард. Ӯ ба осонӣ метавонист аз дасти падари пираш гурезад. Аммо ӯ ин корро накард.
Ӯ бо хоҳиши худаш розӣ шуд, ки дасту пояшро банданд. Ин қурбонии маҷбурӣ набуд — ин итоат ва боварии пурра ба Худо буд. 🤍

⚡️ Вақте ки Иброҳим кордро бардошт, ногаҳон аз осмон овози Фаришта омад:

«Дастатро ба писарат дароз накун... акнун фаҳмидам, ки аз Худо метарсӣ!»

Чаро ин қисса барои мо муҳим аст?

Чунки баъди садсолаҳо, маҳз дар ҳамон ҷо, Худованд Писари худро барои наҷоти мо дод. Аммо он вақт касе Ӯро бознадошт...

Ин қисса дар бораи тарс нест. Ин дар бораи боварии комил ба Худост.

👇 Шумо чӣ фикр доред? Оё мо ҳам метавонем дар лаҳзаҳои душвор ҳамин тавр ба Худо бовар кунем?

Назаратонро дар коментария нависед! ✍️
🙏43❤24🕊21👏7🔥5👀5🥰1
August 25, 2026 403