Донишкадаи политехникии Хуҷанд (ДПДТТХ | ХПИТТУ | KPITTU): post #2514 — TG.ME

ПАЙКИ ТОЗА: 7 НАФАР УСТОДИ ДОНИШКАДА САЗОВОРИ ИФТИХОРНОМАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ГАРДИДАНД

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба як гурӯҳ фаъолони хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла ба 7 нафар устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар маросим Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузург буда, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рушд ёфта истодааст.

Маълумоти муфассал:
https://www.facebook.com/share/1BoVx3BkRb/
👍5
August 27, 2026 245 2